Маълумоти охирин
Главная / Илм / Невропатология

Невропатология

Невропатология (аз невр… ва патология), илмест дар бораи сабаб ва тарзи инкишоф, усулҳои ташхис, муолиҷа ва пешгирии бемориҳои асаб; соҳаи асосии неврология. Бемориҳои системаи асабро нейрохи­рургия ва психиатрия низ меомӯзад. Бемориҳои системам асаб (фалаҷ, саръ ва ғайра) аз қадимулайём маълум буданд. Маълумоти аввалин оид ба бемориҳои асаб дар асарҳои Буқрот, Эрасистрат, Селс, Ҷолинус баён гардидаанд. Муваффақиятҳои минбаъдаи Невропотология бо номи Закариёи Ро­зӣ, Ибни Сино вобаста мебошанд. Невропатология чун соҳаи мустақили тиб дар охири асри 19 чудо шуд. Дар равнақи Невропатология духтурони франсавӣ Ж. М. Шарко, англис Ҷ. Паркинсон, рус А. Я Кожев­ников, В. К. Рот, Г. И. Россолимо, В. М. Бехтеров ва дигарҳо саҳми арзанда гузоштанд.

Дар инкишофи Невропатологияи советӣ бошад, тадқиқотҳои М. И. Аствасатуров, С. Н. Давиденков, Л. С. Минор, Е. К. Сепп ва дигар мав- қеи калон дорад. Усулҳои асосии тадқиқотии Невропатология омӯхтани ҳолати си­стемаи асаб мебошад, ки барои муайян кардани характери беморӣ ва манбаи иллат имкон медиҳад. Усул- ҳои дигари тадқиқот бошанд, барои ошкор намудани патологияи гардиши хун (ангиография, реография), иллати косахонаи cap (эхоэнсефалография) ва асабу мушакҳо (элек­тромиография) ёрӣ мерасонад. Дар Невропатология усулҳои электроэнсефалография, рентгенография ва ғайра низ ҳарҷониба истифода мешаванд.

Проблемаи муҳимтарини Невропатологияи ҳозира патологияи гардиши хуни мағз (махсусан сакта ва хурӯҷи шараёнии мағзи cap, яъне ташаннуҷи кӯтоҳ, муддати рагҳои майна) мебошад, ки дар инкишофи он ба ғайр аз атеро­склероз ва бемории гипертонӣ инҳирофи рагҳои асосии гардан, ки мағзи сарро аз хун таъмин мекунанд, инчунин патологияи дил роли калон мебозанд.

Дар РСС Тоҷикистон инкишофи Невропатология аз соли 1942 бо ташкил ёфтани кафедраи бе- мориҳои рӯҳии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (аз соли 1966 кафед­раи неврология ва асосҳои генетикаи тиббӣ) cap шуд. Ҷамъияти республикавии невропатологҳо ва психиаторҳо, ки соли 1946 таъсис ёфтааст, бештар аз 200 нервопатологҳоро (1979) муттаҳид менамояд. Невропа- тологҳои тоҷик хусусиятҳои ҷараёни бемориҳои системам асабро дар шароитҳои иқлимии республика ва хусусан зоҳиршавии клиникии ил­лати бруселлёзии системаи асаб, ихтилоли гардиши хуни мағзи cap ва гайраро меомӯзанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …