Маълумоти охирин
Главная / Илм / Невролгия

Невролгия

Невролгия (аз невр… ва …до­вил), гурӯҳи илмҳои тиббию биологист, ки сохт ва функсияи ҳолатҳои мӯътадилу патологии системаи асаб ва қонунияти онтогенезу филогенези онро меомӯзад. Илмҳои морфоло­гӣ (анатомия, гистология, эмбриологияи системаи асаб) ва нейрофизио­логия асоси назариявии Неврология буда, нейропсихология, ки процессҳои рӯҳӣ ва алоқамандии онҳоро бо системаҳои алоҳидаи мағэи cap меомӯзад як қисми Неврология ба шумор меравад. Неврологияи клиникие, ки бемориҳои асабро меомӯзад невропатология меноманд. Нейрохирургия бемориҳои системаи асабро омӯхта, онҳоро бо ҷарроҳӣ табобат мекунад. Бемориҳои системаи асабро, ки бо ихтилоли рӯҳ алоқаманд аст, психиатрия меомӯзад.

Тибби қадима танҳо дар асосӣ маълумотҳои соддаи нейроморфологӣ амал мекард. Дар асри 16 А. Везалии ба равияи морфофунксионалии омӯзиши системаи асаб асос гузошт. Минбаъд оид ба анатомияи системам асаб маълумотҳо ҷамъ оварда шуданд. Дар асри 19 омӯзиши эксперименталии мағзи cap оғоз ёфт, ки он боиси кашф шудани нейрон, марказҳои системаи асаб ва ғайра гардид. Ба туфайли тадқиқотҳои олимони немис Ю. Ф. Конгейм, Ч. Шеррииг- тон, II. Флекснг ва олимони рус Ф. В. Овсянников, В. А. Бец, И. М. Сече­нов, Н. Б. Введенский Н. боз ҳам ривоҷу равнақ ёфт. Муваффақиятҳои муҳимтарини Неврология дар асри 20 ба таълимоти П. П. Павлов дар бораи фаъолияти олии асаб, кашф шудани қонунияти эволютсионию генети­кии ташаккули сохт ва функсияи мағзи cap ва ғайра алоқа дорад. Асосгузорони Неврологияи советӣ В. М. Бехте­рев, Г. И. Россолимо, Б. К. Сепп, С. Н. Давиденков ва дигарҳо мебошанд. Дар инкишофи Неврология дар СССР тадқиқотҳои Л. А. Орбели, В. Н. Черни­говский, П. К. Анохин, Э. А. Асра­тян ва дигар мавқеъ доранд. Институти майнаи  АИТ СССР, Институти невроло­гияи АИТ (Москва), Институти психо­неврологии ба номи В. М. Бехтерев (Ленинград) ва ғайра марказҳои калонтарини Неврология дар СССР ба шумор мераванд. Масъалаҳон Невралогия дар журналҳои «Журнал неврологии и психиатрии им. С. С. Корсакова» (таъсисаш 1901), «Вопросы нейрохирургии» (таъсисаш 1937) нашр мешаванд. Неврологҳои мамлакатҳои гуногунро Федератсияи умумиҷаҳонии Неврология муттаҳид мекунад.

Дар РСС Тоҷикистон оид ба масъалаҳои клиникии Неврология ва невропатологияи кишварӣ (хусусияти патологиям рагҳои майна, омос ва иллатҳои сироятии он) ҳодиӣони кафедраи невро­логии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон тадқиқот мебаранд.

Адабиёт: Многотомное руководство по нев­рологии, том 1—8, Москва, 1955—63.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …