Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неврит

Неврит

Неврит (аз юн. neuron — асаб), илтиҳоби асабҳои канорӣ, ки ҳангоми он баробари дард, нишонаҳои суст шудан ё қатъ гардидани ҳассосият ва фалаҷ зоҳир мегарданд. Ак- сар вақт Неврит аз заҳролудшавии алко­голӣ, токсини ботулизм, сурб, сирояти грипп, дифтерия, домана, тифи шикам, ихтилоли мубодилаи модда, бемории қанд, уремия, шамолхӯрӣ ва ғайра cap мезанад. ‘Шакли асосни Неврит полиневритҳо буда, ҳангоми он як­бора якчанд асаб иллат меёбад. Ҳангоми Неврит дасту пой дард мекунанд, мушакҳо суст шуда, ранги пӯст тағйир меёбад; ин тағйирот бештар дар панҷа ва кафи пой зоҳир ме- гардад.

М у о л и ҷ а: табобати бемор асосӣ; физиотерапия, истифодаи антибиотикҳо, моддаҳои рафъи дард, таскиндиҳанда ва витаминҳои гурӯҳи В ва ғайра.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …