Маълумоти охирин
Главная / Илм / Невралгия

Невралгия

Невралгия (аз невр… ва юн. algos — дард), иллат ёфтани асабдои канорӣ. Невралгия ду дел мешавад: ибтидоӣ ва сонӣ: Ҳангоми Невралгияи ибтидоӣ нишонаҳои беморӣ мушоҳида намешавад. Дар мавриди Невралгияи с о н й  бошад, илтиҳобу омос ва ғайра пайдо шу­да, ба асаб таъсири манфӣ мерасонад. Невралгия дуру дароз давом карда, ба неврит табдил меёбад. Ҳангоми Невралгия дард якбора хурӯҷ карда, пӯст сурхтоб мешавад, аз чашм ашк мерезад ва рагҳои мушак мекашанд.

Муолиҷа: табобати бемории асосӣ; тазриқи новокаин, витаминҳои гурӯҳи В, апикаин, физиотерапия; ҳангоми Невралгияи асаби сегона истифодаи препаратҳои зидди рагкашӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …