Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нестӣ

Нестӣ

Нестӣ, категорияи системаҳои идеалистист, ки вуҷуди конкретӣ ва умуман ҳастиро рад мекунанд. Фалсафаи материалистӣ Нестиро катего­рияи фалсафӣ намедонад. Вай ақидаеро ба назар мегирад, ки олами моддӣ маҳвнопазир ва халоӣ мутлақ имконнопазир аст. Дар таъpuxu фалсафаи идеалистӣ аз давраи атиқа ба Нестӣ ду тарз муносибати асосӣ вуҷуд дорад. Дар системаи як гурӯҳ мутафаккирон ва баъзе таълимот (Афлотун ва навафлотуния, ирфони пантеистии масеҳият, Г. Ге­гел ва ғайра) Нестӣ дар қатори категори- яҳои асосии онтологӣ (чун худо, ҳастӣ, муглақиёт ва ғайра) эътироф шуда, принсипи «аз Нести ҳеҷ чиз ба вуҷуд намеояд» инкор мегардад.

Гурӯҳи дигари мутафаккирон Нестиро инкори зоҳирӣ, яъне фақат маф- ҳуми номиналистии шаклию мантиқӣ довнста, мавқеи масъалаи Нестиро дар онтологияи асримиёнагӣ пурра соқит менамоянд. Дар фалсафаи динию идеалистии фирс-тоҷик ва араб истилоҳи фано истифода шудааст.

Дар асри 20 аксар ҷараёнҳои фалса­фӣ аз нав ба масъалаи Нестӣ ру овар- данд, ки ин пеш аз ҳама дар «онтологияи фундаменталии» М. Хайдег­гер ва экзистенсиализм Ж. П. Сартр мушоҳида мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …