Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нестеров Пётр Николаевич

Нестеров Пётр Николаевич

Нестеров Пётр Николаевич (27. 02. 1887, Нижний Новгород, ҳозири Горкий —08. 09. 1914, наздикии Жолква, ҳозира ш. Нестеров), лётчики ҳарбии рус, штабскапитан. Аз оилаи офитсер. Соли 1900 омӯзишгоҳи ар­тиллерии Михай­ловск, соли 1912 мактаби офитсерии ҳавопаймоии Петербургро хатм кардааст. Соли 1913 ба Нестеров унвони лётчики ҳарбӣ дода шуд.

Назарияи дар парвоз истифода бурдани кренҳоро кор кард ва дар амалия татбиқ намуд. Нестетров асосгузори пилотажи олӣ мебошад. Ӯ дар вақти парвозҳои худ чанд шакли пилотажи олӣ, аз ҷумла 27 августи 1913 «ҳалқаи Нестеров»-ро иҷро кард. Масъалаи ба қушунҳои хушкигард ҳамкорӣ намудани авиа­тсияро кор карда баромад ва ҷорӣ намудани ҷанги ҳавоиро пешниҳод кард, лоиҳаи аҷоиби монопланро ка­шид. Солҳои 1913—1914 бо маршрутҳои Киев—Одесса—Севастопол ва Ки­ев—Гатчин парвоз карда, рекорди дурпарвозӣ гузошт. Дар аввали Ҷанги якуми ҷаҳон (1914—1918) 7 парвози ҷангӣ кард. Дар ҷанги ҳавоӣ ҳангоми тарани ҳавоӣ ҳалок гардид. Дар шаҳри Киев дафн шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …