Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нестеренко Сергей Кондратевич

Нестеренко Сергей Кондратевич

Нестеренко Сергей Кондратевич (25. 01. 1906, шаҳри Туркистон, ҳозира вилояти Чимкенти РСС Қазоқистон— 06. 11. 1941, шаҳри Ашкобод, ГРСС Туркманистон), ветерани маорифи халқ. Аз оилаи  деҳқон. Баъди хатми мактаби дараҷаи 2 дар шаҳри Тошкент, солҳои 1925—1928 дар Университети давлатии Осиёи Миёна таҳсил кар­дааст. Соли 1929 ҷонишини мудири шӯъбаи маорифи округи Ғарм, 1930 мудири шӯъбаи вилоятии маорифи ВАБК, 1931 инспектори калони Ко­миссариати халқии маорифи РСС Тоҷикистон шуда кор кард. Солҳои 1931—1932 дар сафи Армиян Сурхи коргару деҳқон хизмат намудааст.

Соли 1933 мудири шӯъбаи газетаи «Тоҷикистони сурх», 1934—1935 методисти Комисса­риата халқии маорифи РСС Тоҷикистон, 1936—1937 ёрманди директор ва инструктори калони Институти давлатии пе­дагогии шаҳри Сталинобод, 1938—1941 корманди Базаи тоҷикистонии АФ СССР буд. Нестеренко барои мактабҳои РСС Тоҷикистон китобҳои дарсӣ навиштааст ва дар тартиб додани «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1949) иштирок намудааст. Нестеренко барои иштирок дар торумор кардани босмачиён, муваффақиятҳои кори соҳаи маорифи халқ ва тартиб додани луғат бо 3 Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ас.: Нестеренко С. К., Книга для чтения, для таджикских неполных сред­них я средних школ ч. 1—3, Сталина- бад — Ташкент, 1939; Нестеренко С., Л е б е д е в А., Успенская Л., Грамматика русского языка, ч. 2, Тах- жнкгосиадат, 1938. Р. А. Нестеренко.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …