Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нешзанӣ

Нешзанӣ

Нешзанӣ, нешзанни тухм, рушди тухм, просесси аз ҳолати оромӣ ба фаъолияти пуршиддати ҳаётӣ гузаштани тухм, ки дар натиҷаи он чунин сабзида, навниҳол ташаккул меёбад; марҳалаи ибтидоии онтогенези растанӣ мебошад. Нешзанӣ фақат ҳангоми будани миқдори кофии намӣ, оксиген, ҳарорати муайяни гармӣ ва баъзан режими муайяни рӯш­ной ба амал меояд. Нешзанӣ бо афзоиши мубодилаи моддаҳо дар ҷанин ва эн­досперма тавсиф мешавад. Ҳангоми ба тухм расидани об он варам карда, ферментҳояш фаъол гашта, ҷараёни таодили моддаҳои захиравӣ (оҳар, равған, сафедаҳо) ва асосан таҷзияи онҳо ба қанд, кислотаҳои равған, аминокислотаҳо шиддат меёбад.

Ин бошад, тухмро бо энергия ва моддаҳои пластикӣ таъмин менамояд. Баъди варам кардани тухм ҷанини он неш мезанад. Одатан, аввал реша месабзад, ки он пӯсти тухмро сӯрох карда мебарояд. Сипас дар баъзе растаниҳо гипокотил (ин дам тухмпалла ва сармуғча ба рӯи хок меба­рояд) ва дар растаниҳои дигар эпикотил (тухмпалла дар зери хок мемонад ва ба рӯи хок фақат сармугғча мебарояд) нумӯ мекунад. Эҳтиёти тухм ба об ҳангоми Нешзанӣ ба таркиби химиявӣ ва ғайра ҳолати физиологии тухм вобаста аст. Ҳангоми нарасидани оксиген, масалан, муддати дароз дар об нигоҳ доштан ё сафолак бастани хок дар тухм спирти этил, кислотаи шир, аммиак ва дигар моддаҳои барои ҷанин зарарнок ҳосил мешаванд.

Таъсири ҳарорат ба Нешзании тухм на танҳо ба намии он ва шиддатёбии мубодилаи моддаҳо, балки ба тағйири таносуби танзимкунандаи руш­ди растаниҳо низ вобаста аст. Масалан, ҳангоми гарм кардани чигит ё чормагзи заминӣ (арахис), ки нав гундошта шудааст, миқдори ингибиторҳои рушди он кам ва Нешзании тухм тез мешавад. Барои тезонидани Нешзании тухми бисёр растаниҳои дигар, баръакс, таъсири ҳарорати пасти гармӣ (ниг. Стратификатсияи тухмӣ), ки дар натиҷаи он миқдори гиббереллинҳо ва ғайраҳо амгезаи рушди растаниҳо меафзояд, зарур аст.

Барои Нешзании тухми баъзе растаниҳо ғайр аз на­мӣ, оксиген ва ҳарорати мусоид, равшании спектри муайян низ зарур аст. Масалан, нури сурх Нешзании тухми коҳу, санавбар, шилхаро меангезад, нури инфрасурх бошад, баръакс, онро бозмедорад. Ҳатто барои Нешзании тухми як растанӣ, ки аз як хӯша гирифта шудааст, шароитҳои гуногуни муҳит зарур аст. Тухми баъзе растаниҳо бо вуҷуди дар шароити мусоид буданашон намесабзанд. Сабаби насабзидани тухм ин аст, ки онҳо ё аз ҳолати оромӣ набаромадаанд ё пӯсти сахти онҳо оксиген ва обро ба ҷанин намегузаронад.

Нешзании тухм баробари ба ғизогирии автотрофӣ гузаштани навниҳол ба итмом мерасад. Пас, муҳайё карда­ни шароити мусоид барои Нешзании тухм, яъне беҳтар гардонидани қобилияти сабзиши тухмӣ яке аз шартҳои ҳо­сили баланд мебошад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …