Маълумоти охирин

Неруда Ян

Неруда (Neruda) Ян (09. 07. 1834, Прага —22. 08. 1891, ҳамон ҷо), нависандаи чех. Дар Унститути Прага (аз соли 1853) ҳуқуқ ва фалсафаро омӯх- тааст. Муҳаррири чанд журнали адабӣ буд. Ба лирикаи гражданӣ, фалсафӣ ва маҳрамонаи Неруда (маҷмӯаҳои «Китоби шеърҳо», 1868; «Сурудҳои кайҳонӣ», 1878; «Сурудҳои ҷумъаи ранду алам», нашраш 1896 ва ғайра) ҳисси ягонагии тақдири шоир ва ватан хос аст.

Дар повесту ҳикояҳои маҷмӯаҳои «Арабескаҳо» (1864), «Одамони гуногун» (1871), «Повестҳои кишварҳои хурд» (1878) Неруда ҳамчун устоди бузурги наср баромад кард. Дар ин асарҳо Неруда мешанҳоро фош намуда, меҳру муҳаббати нисбат ба «одамони хурд» доштаи худро ифода кардааст. Дар повести «Побараҳнаҳо» (1872) Неруда ҳаёти коргарони бинокори мавсимиро тасвир мекунад. Неруда бо демократизми мавқеи ҷамъиятиаш ва эҷодиёти бадеияш дар ташаккули реализми чех роли муҳим бозидааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …