Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нерон Клавдии Тсезар

Нерон Клавдии Тсезар

Нерон Клавдии Тсезар (Claudi­us Caesar Nero) (37—68), императори Рим (аз соли 54) аз сулолаи Юлий Клавдийҳо. Солҳои аввал бо ризоияти сенат ҳукмронӣ карда, баъд сиёсати таъкиб ва мусодиракуниро пеш гирифт. Ҷавобан ба ин на танҳо аъёну ашрофи сенат, балки табақаҳои дигар низ ба муқобили ӯ хуруҷ карданд. Дар натича бисьёр шоиру нависандагони машхур ва хешовандони наэдпкп Нерон (ҳатто модараш) кушта шуданд. Соли 68 бар зидди Нерон ҳокимони музофотҳо бархостанд. Нерон ки ӯро ҳатто наздиконаш дастгирӣ накарданд, аз Рим гурехт ва дар роҳ худкушӣ кард. Дар сарчашмаҳо Нерон ҳамчун шахси худписанд ва золиму шаҳватпараст қаламдод шуда­аст; шахсе будааст, кп корҳои давлатиро ба дигарон вогузошта, худаш бештар ба шуғли «артистона»-и худ мепардохтааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …