Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нернст Валтер Фрид­рих Герман

Нернст Валтер Фрид­рих Герман

Нернст (Nernst) Валтер Фрид­рих Герман (25. 6. 1864, Бризен, ҳозира Вомбжезно, Полша — 18. 11.1941, Обер — Тсибелле, назди Мускау, РДГ). физики немис. Яке аз асосгузорони хи­мия и физикавии муосир. Аз соли 1902 профессори Университети Бер­лин. Солҳои 1905— 1922 директори Институ­ти химия ва 1924 —1933 директори Институти физикаи Берлин буд. Ӯ дар соҳаи физика аз Болтсман таълим гирифтааст. Соли 1888 назарияи усули гудозиши элек­тролитии металлҳоро пешниҳод кар­дааст.

Соли 1890 қонуни тақсимоти моддаи ҳалшавандаро дар моеъҳои омехтанашаванда ё камомехташаванда дар ҳолати умумӣ таъриф додааст. Соли 1897 лампаеро ихтироъ намуд, ки сонитар лампаи Нернст ном гирифт. Соли 1906 қонуни 3-юми термоди­намика (теоремаи Нернст ё ки принсипи Нернст) -ро кашф кардааст. Инчунин доир ба ҳодисаҳои галва- номагнитӣ ва термомагнитӣ кашфиётҳо дорад (ниг. Ҳодисаи Нернст- Эттингхаузен). Нернст муаллифи китобҳои дарсии химияи назариявӣ ва физикаи назариявӣ мебошад. Аъзои фахрии АФ бисёр мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла аъзои фахрии АФ СССР (1927) буд. Лауреати мукофо­ти нобелӣ (1920).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …