Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нептунизм

Нептунизм

Нептунизм (аз лот. Neptunus — Нептун, номи худои баҳру об дар асотири римиён), таълимотест, ки охири асри 18 — аввали асри 19 дар илми геология ҳукмфармо буд ва мувофиқи ин таълимот гӯё тамоми ҷинсҳои кӯҳӣ (аз ҷумла ҷинсҳои фишонда: базалт, гранит ва ғайра) дар муҳити об бо роҳи таҳшияшавӣ е ки кристаллбандӣ ҳосил шудаанд. Тарафдорони машҳури Н. А. Г. Вернер (Германия), А. Де­люк (Франсия), Р. Кирван (Британияи Кабир) буданд. Нептунистон ҷинсҳои кӯҳиро ба ду гурӯҳ; н а х у с т и н (граниту гнейсҳо, варақсангҳои кристаллӣ, инчунин ҷинсҳои дигари фишонда ва метаморфӣ) ва қабатқабат (оҳаксанг, гач, намаксанг ва ӯайра) тақсим мекарданд.

Ба пиндошти тарафдорони Нептунизм баро­бари ба вуҷуд омадани ҷинсҳои қабат-қабат тамоми релефи рӯи Замин пайдо шуда, то айёми мо бе­тағйир мондааст. Тарафдорони неп­тунизм ҳаракатҳои тектоникиеро, ки дар ҳақиқат боиси тағйир ёфтани релеф мешаванд, инкор мекарданд. Онҳо инчунин ба ақидан дурусти тарафдорони плутонизм дар бораи он, ки ҷинсҳои кухии интрузивӣ аз хунукшавии магма ба вуҷуд меоянд, тамоман зид баромаданд. Дар солҳои 20-ум и асри 19, вақте ки пайдоиши вулконӣ доштани базалт исбот гардид ва оид ба ҷинсҳои фишондаю таҳшинӣ тасаввуроти илмӣ ҳосил шуд, Нептунисзм аҳамияти худро гум кард.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …