Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неотомизм

Неотомизм

Неотомизм, таълимоти фалсафии католикӣ, ки дар асоси ақидаҳои Фомаи Аквинӣ ба вуҷуд омадааст. Неотомизм сернамояндатарин мактаби фалсафии динии ҳозира буда, дар фалсафаи буржуазии давраи импе­риализм нуфузи калон дорад. Таназзули феодализм қудрати сиёсию идеологии калисои католикиро кам карда, таъсири томизмро суст намуд. Эҳёи томизм соли 1879 дар эпсиклика (ваъз)-и папа Леви XIII эълон шуд. Баъди он чанд кафедраи фалсафаи томистӣ ва Институти фалса­фаи Лувен (Белгия) кушода шуд. Ҳоло Академиям ҳазрати Фома дар Ватикан, Университети католикии Фрейбург (Швейсария), Академияи Алберти Кабир дар Кёлн, Университетҳои католикии Вашингтон ва Оттава, институтҳои католикии Париж, Инсбрук, Мадрид, Торонто ва ғайра марказҳои тадқиқу тарғиби Неотомизм мебошанд.

Фаъолияти онҳоро дар соҳаи фалсафа «Иттифоқи умумиҷаҳонии ҷамъиятҳои фалсафии католикӣ» муттаҳид намудааст. Дар байни файласуфони неотомист М. Грабман, М. де-Вулф, Э. Жилсон мавқеи муҳим ишғол мекунанд. Асарҳои онҳо ба таърихи фалсафаи схоластика ва таърихан асоснок намудани Неотомизм бахшида шу­дааст. Г. Манзер, И. Глейзер, Ж. Мартен, О. Гупдлах, О. Нейлл-Брейнинг ва дигар «таълимоти иҷтимоии католисизм»-ро эҷод кардаанд.

Ю. Бохенский, Г. Веттер ва дигар ба танқиди фалсафаи марксистӣ машғуланд. Дар Неотомизм ду ҷараён ба назар мерасад. Намояндагони ҷараёни аввал (палеотомизм) таълимоти Фо­маи Аквиниро дахлнопазир шуморида, тасдиқ мекунанд, ки дар асар­ҳои ӯ ҷавоби ҳамаи масъалаҳои фалсафӣ ҳаст. Ҷараёни дуюм (нео­томизм) шиори «Бо нав ғанӣ гардонидани кӯҳна»-ро, ки Леви XIII баён карда буд, тарафдорӣ намуда, барои тақвияти ақидаҳои Фома мекӯшад. Вай ба ин васила баъзе нуқтаҳои фалсафаи замони нав (алалхусус фалсафаи И. Калт) ё ҳозира (феноменология, неопозитивизм)-ро истифода мебарад. Ва бо ин ҳама дар Неотомизм мазмуни асосии томизм (аҳкоми дин дар бораи мавҷудияти Ху­до, ҷовидонии рӯҳ, озодпи ирода ва баъзе назарияҳои соф фалсафӣ) бетағйир мемонад. Неотомизм бо мақсади «бартараф» намудани «яктарафагӣ»-и тамоми ҷараёнҳои дигари фалсафӣ бо материализм, идеализм и субъек­тная ва иррасионализм баҳс мекунад.

Лекин ин ихтилофҳо, ба истиснои зиддияти принсипиалии Неотомизм бо материализм ва атеизм, аз ҳудуди ихтилофҳои муқаррарии байни системаҳои идеалистӣ берун намебароянд. Неотомизм иртҷоитарин ҷараёни фал­сафии имрӯза аст. Идеологҳои буржуазӣ онро барои шарҳи масъала­ҳои сиёсию иқтисодӣ ва муборизаи зидди ҷаҳонбинии илмию коммунистӣ истифода мебаранд. Ба ақидаи неотомистҳо қонуниятҳои умумии инкишофи табиату ҷамъият моҳиятан як шакли зуҳури иродаи илоҳист. Неотомизм мавҷудияти ҷавҳари ғайримоддӣ ва мабдаи рӯҳиро эътироф карда, идроку мушоҳидаи онро аз имкон берун медонад.

Ба пиндошти неотомистҳо вуҷуди мазкурро танҳо тавассути интуисия ва ақл донистан мумкин аст. Ақидаи неотомистон дар бораи ҳаёти ҷамъиятӣ басо зарарнок ва иртиҷоист. Неотомизм ҳамчун аслиҳаи идеологии капитализм моликияти хусусӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва ба синфҳо тақсим шудани ҷамъиятро ҳақ шуморида, онҳоро абадӣ медонад. Неотомизм зиддиятҳои ҷамъияти капиталистиро, ки офаридаи моликияти хусусианд, инкор карда натавониста, онҳоро натиҷаи гунаҳкории одамони ҷудогона, риоя накардани расму оини динӣ ва ахлоқи масеҳӣ мо- шуморад. Вай бо таблиғоти ахлоқии худ зарурати объективиро пинҳон доштан мехоҳад. Ҳоло дар мамлакатҳои империалист Неотомизмро ҳарҷониба тарғиб намуда, онро дар мубориза ба муқобили қувваҳои лагери сулҳ, демократия ва сотсиализм истифода мебаранд.

Адабиёт: Миллер Р., Личность и обще­ство. К критике неотомистского понима­ния личности, перевод с немецкого, Москва, 1965; М и и к я в и ч ю с Я. В., Современный католицизм и его философия, Вильнюс, 1965; Г а р а д ж а В. И., Неотомизм—разум — наука, Москва, I969; Быховс кийБ. Э., Эрозия «вековечной» философии.

(Критика неотомизма), Москва, 1973.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …