Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неосхоластика

Неосхоластика

Неосхоластика, мафҳуми ҷамъбасткунандаест, ки ҷараёнҳои гуногуни фалсафаи католикиро муттаҳид намуда, ба таҷдиди схоластикаи асримиёнагӣ мекӯшад. Неосхоластика дар ибтидои асри 19 пайдо шудааст. Эҳёи то­мизм дар Испания (X. Бальмес) ва Германияи миёнаи асри 19 (И. Клёйтген) боиси пайдоиши Неосхоластика гардидааст. Неохоластика аз нимаи дуюми асри 19 васеъ интишор меёбад. Папа Леви XIII дар энсиклика (ваъз)-и худ таълимоти Фомаи Аквиниро ягона фалсафаи ҳақиқии католисизм эълон намуд. Баъди нуфуз пайдо намудани ин нукта ишкишофи Неохоластика асосан бо роҳу равиши неотомизм сурат гирифт.

Дар Испания ва РФГ анъанаҳои схоластикие инкишоф ёфтанд, ки аз ақидаҳои файласуфи испанӣ Ф. Суа­рес бармеоянд. Неосхоластика дар шароити имрӯза ба ҷуз томизм ва суаресизм, боз як қатор мактабҳои гуногуни фалсафиро дар бар мегирад. Ҳамаи ин мактабҳо мекӯшанд, ки таълимоти томизмро бо ҷараёнҳои навини афкори идеалистӣ омезанд. Имрӯз масъалаи аз ҷиҳати фалсафӣ асоснок намудани аҳкоми калисо, бартараф кардани таъсири материализму пантеизм дар инкишофи маданият, таъмини ҳукмронии католисизм ва ба шакли нав даровардани дониш ва расму оин мақсади асосии Неохоластика аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …