Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неон

Неон

Неон (лот. Neonum), Ne, элементи химиявии гурӯҳи VIII системаи даврии Менделеев, мансуби газҳои инертй; рақами ат. 10, массаи ат. 20,179. Асосан дар атмосфера меша­вад ва миқдори он ба 7а1 • 10″ т ба­робар аст. Неони атмосфера аз омехтаи 3 изотопи собит 20Ne, 2‘No, MNe ибо­рат буда, 20Ne бештар (90,92%) аст. Неон дар шароити муқаррарӣ гази берангу бебӯй; зичиаш 0,9 килограмм/метр3 (0° Селсия ва 760 миллиметр сут. симоб); t гудозиш— 248,6° Селсия; I ҷӯшиш— 245,9°Селсия; дар як литр об 10,4 мл/л Неон ҳал мешавад. Молекулаи Неон якатома аст. Қабати берунии электронии Неон 8 электрон дорад ва хеле устувор аст. Пайвастҳои химиявии Неон ҳанӯз ҳосил карда нашудаанд. Неонро ҳангоми тақтири ҳавои моеъ ҳ­осил мекунанд. Неон дар лампаҳои электрикии (нурафшониаш сурх) аэродромҳою бандаргоҳҳо истифода мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …