Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неологизм

Неологизм

Неологизм (аз нео… ва logos — калима), калима, таркиб, ибора ва мафҳумҳои нав дар забон. Таркиби луғавии забон ҳамеша дар инкишоф аст ва вобаста ба инкишофи доимии забон баъзе калимаҳо маънои нав мегиранд. Аз тарафи дигар, дар за­бон бисёр калимаҳои нав — Неологизмҳо пайдо мешаванд. Неологизм мафҳуми таърихист. Бисёр калима ва мафҳумҳое, ки имрӯз вуҷуд доранд, дар давраи дигари таърихӣ, дар вақти пайдоиши худ Неологизм буданд: колхоз, совхоз.

Баъзе Неологизмҳо хусусияти умумиистеъмолӣ нагирифта ба гурӯҳи калимаҳои кӯҳнашуда мегузаранд: ҷадид, кулак. Неологизм баробари дар забон пайдо шудан ба гурӯҳи калимаҳои серистеъмол дохил нашуда, муддате чун калимаҳои нави камистеъмол боқӣ мемонанд. Агар онҳо ба нормаҳои грамматикии забон мувофиқат намуда, серистеъмол гарданд, аз ҳолати Неологизм мебароянд. Баъзе калимаҳо аз забонҳои дигар тарҷума шуда ва то хусусияти умумиистеъмолӣ гирифтанашон Неологизм дониста мешаванд: дастгоҳ (станок), ҳавосанҷ (барометр). Нависандагон, мутарҷимон ва дигар кормандони эҷодӣ ҳам баъзан дар асоси нормаҳои калимасозии забон калимаҳои нав эҷод мекунанд (чунончи, дар «Дохунда»-и С. Айнӣ: пурмеҳрубонӣ, пурҷавобгарӣ).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …