Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неоконфусийчигӣ

Неоконфусийчигӣ

Неоконфусийчигӣ, мактаби идеалистин фалсафаи Хитой, ки асо­сан дар давраи Сун (асрҳои 10—13) дар рафти мубориза бо буддоия ва даосизм ташаккул ёфта, дар айни ҳол худ низ ба таъсири онҳо дучор омадааст. Саромадони Неоконфусийчигӣ нависанда на файласуфи асрҳои 8—9 Хан Юя ва шогирдаш Ли Ао бо мақсади бартараф намудани таъсири таълимоти буддоия ва даосизм дар Хитой вазифаи таҷдиди конфусийчигй ва инкишофи минбаъдаи онро ба миён гузоштанд. Бар хилофи конфусийчи­гии давраи аввал дар Неоконфусийчигӣ  масъалаҳои онтология, натурфалсафа ва кос­могония мақоми баланд доранд.

Яке аз асосгузорони Неоконфусийчигӣ мутафаккири асри 11 Чжоу Дупь-и (Чжоу-цзы) мафҳуми «тақсимоти бузург» (тай цзи)-ро ҳамчун нахустасоси олам пешниҳод намуд. Таълимоти Чжоу-сэыро Чжан Сэай, бародарон Чэн Хао ва Чэн И, инчунин Чжу Си ва Ван-Ян мин вусъат доданд. Неоконфусийчигӣ таълимоти иртиҷоии конфусийчигии қадимро дар бораи пойдории тартиботи мавҷудаи ИҶТИМОӢ, хусусияти табиии тақсими одамон ба табақаҳои олӣ ва поёнӣ, ба «одамони олинасаб» ва «одамони бенасаб» дасттирӣ намуд. Неоконфусийчиён маҷмӯи адабиёти оид ба қонунҳои конфусийчигӣ — «Панҷкитоб» («У сзип»)-ро аз нав тафсир карданд. Бо таклифи Чжу Си «Чоркитоб» («Си шу») қонуни нави конфусийчигӣ эълон шуд.

Дар охири асри 13 — аввали асри 14 Неоконфусийчигӣ идео­логияи расмӣ гардид. Неоконфусийчигӣ  дар афкори фалсафӣ ва ҷамъиятию сиёсии Хи­той то аввали асри 20 ҳукмрон буд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …