Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неокласситсизм

Неокласситсизм

Неокласситсизм, неоклассика истилоҳест дар санъатшиносӣ ва қисман адабиётшиносии советӣ, ки  барои баёни ҳодисоти бадеии аз ҷиҳати ғояҳои иҷтимоиву мундарифаи мафкуравӣ гуногуни охири асри 19 ва асри 20 қабул шудааст. Рағбат ба анънаҳои санъати атиқа, санъати давраи Эҳё ва классисизм хоси Неокласситсизм аст. Истилоҳи «Неокласситсизм» (асосан дар санъатшиносии хориҷа) инчунин барои ифодаи класситсизм  санъати меъморӣ ва тасвирии нимаи дуюми асри 18 ва чоряки аввали асри 49 истифода мешавад. Ба миён омадани Неокласситсизм тасодуфӣ набуда, балки натиҷаи кӯшишҳои санъаткороне буд, ки онҳо танҳо нормаҳои эстетикии санъати атиқаро эътироф карда, бозёфтхои «абадӣ»-и онро ба воқеият, шаклу мазмуни ҳодисоти бадеиро ба образҳои идеалию аз ҳақиқати таърихӣ дур муқобил мегузоштанд. Неокласситсизм бо неоромантизм (бо вуҷуди ба ҳам зид буданашон) баъзе умумиятҳо дорад.

Дар назари аввал Неокласситсизм ҳамчун яке аз зинаҳои просесси бадеӣ намояд ҳам, дар айни замон, пайравию тақлиди холӣ, таҳрифи мазмуну оҳангҳои классикӣ буда, намояндагони онро     ба эҷоди асарҳои схематикӣ, аз ҳаракат дур ва зоҳиран пуршукӯҳу бадабдабанок оварда расонд. Дар санъати меъморӣ се давраи васеъ паҳн шудани ҷараёнҳои неоклассикӣ, ки бештар ба анъанаҳои класситсизм алоқаманд аст, вуҷуд дорад: 1) тақрибан аз соли 1910 то миёнаи солҳои 20; 2) асосан солҳои 30; 3) аз охири солҳои 50. Дар давраи якум дар як қатор мамлакатхо Неокласситсизм аз воситаҳои конструктивӣ (маҳсули ҷараёни «модерн») истифода бурда, тамоюлҳои муайяни ратсионализмро дар худ нигоҳ медошт (О. Перре ва Т. Гарне дар Франция, П. Беренс дар Германия, О. Вагнер ва А. Лоз дар Австрия ва ғайра).

Дар санъати меъмориҳои солхои 1910 рус намояндагони Неокласситсизм бештар ба анъанаҳои классикӣ рӯ  меоварданд (И. А. Фомин, И. В. Жолтовский, В. А. Шуко ва ғайра). Солҳои 30 дар меъмории Италия ва Германия барои сохтани иншооти хеле мӯҳташам аз воситаҳои Неокласситсизм ва­сеъ истифода мебурданд. Аз охири солҳои 50 Неокласситсизм асосан дар санъати меъмории ШМА (тақрибан 50 бинои сафоратхона дар мамлакатҳои гуногун) инкишоф ёфтааст. Неокласситсизм инчунин дар санъати меъмории нимаи дуюми солҳои 50             давраи советӣ дида мешавад. Дар санъати тасвирӣ истилоҳи «Неокласситсизм» доираи васеътари ҳодисаҳоро (назар ба меъморӣ) дар бар мегирад ва нисбат ба ҷараёнҳои гуногуни бадеӣ кор фармуда мешавад. Неокласситсизм  ҳамчун ҳодисаи мукаммали бадеӣ якҷоя бо неоидеализм, ки дар охири солҳои 1870 дар Германия ташаккул ёфтааст, ба миён омад.

Мусаввирон А. Фейербах ва X. фон Маре,     ҳайкалтарош А. Хилдебранд ва ғайра саъй мекарданд, ки азамату шукӯҳи санъати классикиро зинда намоянд. Истилоҳи «Неокласситсизм»- ро нисбат ба эҷодиёт ё ба ҷиҳатҳои алоҳидаи эҷодиёти баъзе устодони санъати тасвирии охири асри 19 ва нимаи аввали асри 20 кор фармудан мумкин аст: хайкалтарошон А. Майол ва Э. А. Бурдел дар Франсия, Г. Вителанн дар Норвегия, К. Миллее дар Шве­тсия, К. Нилсен дар Дания,   II. Меш­трович дар Югославия, Ф. Мессина дар Италия, С. Т. Конёнков, А. Т. Матвеев дар Россия, мусаввирон Ф. Ходлер дар Швейцария, П. Пюви де Шаванн ва Л. С. Бакст дар Фран­сия, В. А. Серов. К. С. Петров-Водкин, М. Дени дар Россия. Дар санъ­ати тасвирии солҳои 20—30 он ҷараёнҳои бадеие, ки дар натиҷаи таъсири экспрессионизм, футуризм, ку­бизм ба вуҷуд омаданд, ба Неоклассисизм майл доштанд.

Неоклассисизм дар адабиёт ҷараёнҳои нисбатаи хурди бадеиро (ибтидои солҳои 1890 — миёнаи солҳои 1900) ифода мекунад. Бо вуҷуди гуногунии ақидаҳои иҷтимоию сиёсиашон, нависандагони неоклассикро     принсипҳои ба ҳам монанди эстетикӣ ва поэтикӣ муттаҳид мекунанд: назари манфӣ ҳам ба натурализм ва ҳам ба символизми франсавию неоромантизми немис; рӯ овардан ба фоҷиаи атиқа ва класситсизм; такя ба анъанаҳои классикии маданияти европоӣ (бар хилофи декаданс), тарки робита бо анъанаҳои реализми танқидӣ. Неоклассисизм ба маънои пуррааш барои ифодаи прин­сипа услубию ғоявие, ки ба истифодаи образҳо, сюжету конфликтҳои атиқа асос ёфтааст, истифода меша­вад.

Неоклассисизм  дар мусиқй ҳамчун як равияи том вуҷуд надорад. Танҳо дар бораи баъзе зуҳуроти он дар эҷодиёти оҳангсозони ҷудогона сухан рондан мумкин аст. М. Регер дар асарҳои охирини худ ба Неоклассисизм  бе- восита наздик омад. Дар мусиқии немис П. Ҳиндемит ба ҷараёни Неоклассисизм capварӣ  намуд. Дар эҷодиёти солҳои 20-уми И. Ф. Стравинский Н. мавқеи калон дошт (опера — ораториям «Шоҳ Эдип», 1927; балети «Пулчи­нелла», 1919 ва ғайра). Аз як тараф, дар асарҳои неокласснкии санъати мусиқӣ фасеҳӣ, муташаккилӣ ва ягонагии мантиқии услубҳои пешинаи мусиқӣ аз нав зинда карда шаванд, аз тарафи дигар, Неоклассисизм  ба тақлиди маҳз, ба кӯшиши беҳудаи зинда кардани воситақои кӯҳнаяшуда меовард.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …