Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неокантчигӣ

Неокантчигӣ

Неокантчигӣ, ҷараёни идеалистие, ки нимаи дуюми асри 19 дар Германия таҳти шиори «Ба қафо, рӯ ба Кант!» пайдо шудааст. Шиори мазкурро О. Либман ва Ф. А. Ланге ба миён гузоштаанд. Неокантчигӣ дар Франсия (Ш. Ренуве, Амлен), Италия (Кантони, Токко) ва Россия (А. И. Введенский, Г. И. Челпанов — «Марксистони легалӣ») низ интишор ёфтааст.

Неокантчиён унсурҳои метафизикӣ ва идеалистии фалсафаи Кантро такрор карда, инкишоф доданд ва ба ҳамин минвол унсурҳои материалистӣ ва диалектикии онро инкор намудаанд. Пайравони Неокантчигӣ ҳангоми шарҳи таълимоти Кант «чизи дар худ»-ро мепартоянд ё ба таври  субъективию идеалистӣ эзоҳ медиҳанд. Мактабҳои марбургӣ (нигаред ба Мактабҳои фалсафӣ) ва фрейбургӣ Неокантчигиро низ такмил додаанд. Мактаби якум ба масъалаи шарҳи идеалистии мафҳумҳои илмӣ ва категорияҳои фалсафӣ диққати ҷиддӣ дода, онҳоро таркиби мантиқӣ медонад.

Мақсади асосии мактаби дуюмро масъалаи аз назари таълимоти Кант асоснок намудани муқобилгузории илмҳои табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ, кӯшиши донисташаванда будани ҳодисаҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Ревизионистҳо ва оппорту нистони Интернационали 2 (Э. Бернштейн, М. Адлер, К. Форлепдер) Hеокантчигиро дар мубориза ба муқобили марксизм  истифода бурданд. Владимир Илия Ленин ва В.Г.  Плеханов ба ревизионизми Неокантчигӣзарбаи ҳалокатовар заданд. Дар шароити имрӯза  Неокантчигӣ дар фалсафаи буржуазӣ, баъзе ҷараёнҳои аксиология ва махсусан шохаи кантчигӣ нуфуз дорад.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

sektanstvo

БОҚИРИЯ

БОҚИРИЯ, як фирқаи имомии шиа, ки пайравонаш имоматро аз Алӣ ибни Абутолиб то имом Боқир …