Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неоген

Неоген

Неоген (аз нео… ва юн. Renos — таваллуд, син), дар геология давраи дуюми эраи кайнозоро гуянд. Табақаи ҷинсҳои кӯҳие, ки дар ин давра ба вуҷуд омадаанд, мутааллиқи системаи неогенанд. Давраи Неоген 25 миллион сол муқаддам cap шуда, бештар аз 23 миллион сол давом кардааст. Истилоҳи Неогенро бори нахуст соли 1853 геологи австриягӣ М. Гёрнес пешниҳод кард. Давраи Неоген ба ду замон: замони миоцен ва замони плиоцен тақсим мешавад. Процессҳои кӯҳпайдошавие, ки охирҳои дав­раи палеоген cap шуда буданд, дар давраи Неоген ҳам идома доштанд.

Дар натиҷа дар ноҳияҳои чиндоршавии алпи кӯҳҳои нав ба вуҷуд омада, кӯҳҳои қадима ва платформаҳо низ то андозае баланд шуданд. Дар дав­раи Неоген дар қитъақол Европа ва Осиё системаи кӯҳҳои Алп, Карпат, кӯҳҳои нимҷазираи Балкан, Қрим, Кавказ, Помиру Олой, Тиёншон, Олтой, Кунлун ва ғайра ташаккул ёфтанд. Дар атрофи уқёнуси Ором, қад-қади канори материкҳо, кӯҳҳои Кордилера, Анд, Камчатка, Япония, Филиппин, Гвинеяи Нав, Зеландияи Нав қад кашиданд; қаторкӯҳҳои зериобӣ баланд шуда, силсилаи ҷазираҳоро ташкил доданд. Пайдоиши бисёр баҳрҳои дохилӣ, ба монанди Каспий, Сиёҳ, Мармар, Ион, Адриатика, Тиррен, инчунин силсилаи пастхамиҳои амиқи Африкаи Шарқию баҳри Сурх, атро­фи кули Байкал ва дигар ҷойҳо, ки аз фурӯравиҳои қишри Замин ҳосил шудаанд, ба давраи Неоген тааллуқ доранд.

Нимҷазираҳои Апеннин, Балкан (қисми ҷанубиаш), Осиёи Хурд, Кав­каз ва атрофи пастхамиҳои фурӯрафта дар Неоген марказҳои вулқонизм ҳисоб мешуданд. Хулоса, дар охири давра тақсимоти баҳру хушкиҳои рӯи Замин ва тарҳи онҳо ба шакли ҳозираи баҳру бар хеле наздик буд. Дар давоми давраи Неоген иқлим тадриҷан сард ва хушк шуда, дар охири давра тамоми зонаҳои табиӣ (ба ҷуз тундра) ташаккул ёфтанд. Олами наботот ва ҳайвонот ба замони ҳозира наздик бошанд ҳам, вале мавзеъ- ҳои паҳншавии онҳо фарқ дошт. Масалан, дар Европаи Ғарбӣ, Сибир дар аввалҳои давраи Неоген ба ҷои бешаҳои ҳозираи сӯзанбарг бешаҳои паҳнбарг (дар Европаи Ғарбӣ — норҷил, секвойя, сарв, ғор; дар Си­бир—булут, шамшод, заранг, фарк) мерӯиданд; дар охири давра ин бешаҳо ба самти Ҷануб ҷой иваз карданд. Дашту биёбони ҳамвориҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон аз аввалҳои давра вуҷуд дошта, олами набототашон ба давраи ҳозира хеле наздик буд.

Флораи минтақаҳои тропикӣ аз флораи замони ҳозира кам фарқ мекард. Дар баҳрҳои давраи Неоген хусусан нармбаданҳои дупаллаю шикампоҳо. хорпуштҳои баҳрӣ, мщанкаҳо ва ғайра ниҳоят зиёд буданд. Дар давраи Неоген дар олами хайвоноти хушкизеҳ басо тағйирот ба амал омад. Дар ин муддат як қатор ҷинсҳои ҳайвонҳои ширхӯр (дар Европа — гурӯҳи сумдорҳои ибтидоӣ, дарран- даҳои қадима, халтадорҳо) тамоман мурда рафта, ҷои онҳоро ворисони оилаҳои нав, ба монанди хирсҳо, кафторҳо, хартумдорҳои нахуст (мастодонтҳо, динотерияҳо), гурозҳо, бузу гӯсфандҳо, гову гавазнҳо, маймунҳои одамшакл гирифтанд. Ҷинсҳои нави ҳашарот, хояндаҳо ба вуҷуд омаданд. Ҳамаи онҳо сарнасли ҳайвонҳои замони ҳозира мебошанд. Ҳайвони хоси хамонвақтаи даштҳои васеи Европаю Осиё аспҳои сепанҷа — гиппарионҳо буданд.

Таҳнишастҳои системаи Неоген баҳрӣ, лагунӣ, континентӣ буда, дар бисёр ҳамворӣ, пастхамиҳои наздикӯҳӣ ва байникӯҳии рӯи Замин ҷойгир шудаанд. Онҳо аз қабатҳои оҳаксанг, мергел, гил, регсанг, конг­ломерат иборатанд. Ғафсии табақаи ин ҷинсҳои кӯҳӣ аз даҳҳо метр то ба якчанд километр мерасад. Таҳнишастҳои давраи Неоген дар Осиёи Миёна низ вусъат ёфтааст. Дар территорияи Тоҷикистон онҳоро дар депрессияҳои Тоҷикистону Фарғона, қисми ғарбии водии Зарафшон, саргаҳи дарёи Муғсу дидан мумкия аст. Ин таҳнишастҳо аз қабатҳои гил, регсанг конгломерат таркиб ёфта, пайдоишашон коптинентист.

Яке аз муҳимтарин сарватҳои зеризаминии давраи Неоген нефт мебошад. Бисёр конҳои калони нефг дар  СССР (дар Озарбойҷону Туркманистон, Кавкази Шимолӣ, Сахалин),  Румыния, Ироқ, Эрон, Арабистони Саудӣ, Бирма, ҷазираҳои Индонезия,  ШМА, Мексикаи Ҷанубӣ, Венесуэла,  Колумбия, Аргентина дар табақаи  ҷинсҳои давраи Неоген ҷойгир шудаанд.  Дар таҳнишастҳои системаи Неоген инчунин газ, ангишти бӯр, намаксанг,  намаки калий ва ғайра ёфт мешаванд. Бо ҷинсҳои интрузивии давраи Неоген як  қатор конҳои маъдани мис, арсен,  сурб, руҳ, сурма, молибден, волфрам, висмут, симоб алоқаманданд.

Адабиёт: Андрусов Н. И. Избразительные тру ды. том 1—4, Москва. 1961—65: Колесни

­ ков В. ТГ. Ж и ж ч е н к о В. П. вадигар. Стратиграфии СССР, том 12 — Неоген СССР. Москва— Ленинград, 1940; Геология СССР, том 21 (Таджикская ССР) Москва, 1950.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …