Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Неогегелчигӣ

Неогегелчигӣ

Неогегелчигӣ, ҷараёни идеалистии фалсафиест, ки дар нимаи дуюми асри 19 дар Англия ва ШМА муқобили материализми табиию таърихн ва позитивизм барои ҳимояи дин ва фалсафаи мавҳум ба вуҷуд омадааст. Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 Неогегелчигӣ хусусияти зиддимарксистӣ пайдо намуда, дар Италия (Б. Кроче, Ҷ. Ҷснтиле), Россия (IT. А. Ильин ва дигар), Голландия (Г. Болланд) интишор ёфтааст.

Дар арафаи Ҷанги якуми ‘ҷаҳон ва баъди он Неогегелчигӣ немисӣ (Г. Глюкнер, Р. Кронер, Т. Литт) ба миён омад. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон Неогегелчигӣ дар Франсия интишор ёфта, дар ҳалли бисёр масъалаҳои фалсафӣ бо экзистенсиализм як шуд (Ж. Вал, Ж. Ипполит, А. Кожев). Моҳияти асосии Неогегелчигиро масъалаи аз диалектика рӯй гардондан ё ба шуур хос донистани он, шарҳи ирратсионалистии таълимоти Гегел дар рӯхи фалсафаи ҳаёт ташкил медиҳад.

Неогегелчиён масъалаи зиддиятро ба таври гуногун ҳал кардаанд. Масалан, намояндагони мактаби немисӣ (Т. Геринг ва дигар) кӯшиш мекарданд. ки дар байни онҳо «муросо» ба миён оваранд. Намояндагони мактаби франсавӣ (Либерт, Ж. Вал) бартараф кардани мухолифатҳоро умуман инкор мекунанд. Дар сотсиология Неогегелчигӣ ҷиҳати иртиҷоии фалсафаи рӯҳи гегелиро барои «асоснок кардани» зарурати давлати империалистӣ, давлати корпоративии фашистӣ ва ҳамчун омили ба миён овардани созиши синфӣ истифода мебарад. Солҳои 30 маркази Неогегелчигӣ— «Иттифоқи байналхал- қии гегелӣ» бунёд шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …