Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неофрейдизм

Неофрейдизм

Неофрейдизм, ҷараёни фалсафӣ ва психологии имрӯза, ки асосан дар ШМА интишор ёфтааст. Истилоҳи «Неофрейдизм» барои ифодаи равияҳое, ки солҳои 30 аз фрейдизми ортодоксалли К. Хорни, Г. С. Салливан, Э. Фромм ва дигар чудо шуда буданд, ба миён омадааст. Неофрейдизм аз омезиши назарияи таҳлили психологӣ ва назарияи со­тсиологию этнологии Америкоӣ ташаккул ёфтааст.

Принсипи детерминизми иҷтимоӣ (Фромм) ё маданӣ (А. Кардипер) асосй таълимоти Неофрейдизмро ташкил ме­диҳад, ки мувофиқи oн бар хилофи биологизми 3. Фрейд муҳит дар та­шаккули шахс мақоми асосӣ дорад. Неофрейдизм аз таълимоти монистии доир ба инсон даст кашида, муносибати диалектикии байни табиату маданият, муҳит ва фардро инкор мекунад. Неофрейдизм нормаҳои психикиро воситаи ба муҳити иҷтимоӣ мутобиқ шудани шахс дониста, вайроншавии «ягонагии иҷтимоӣ»-ро ҳамчун як чизи ғайритабиӣ баён кардааст.

Неофрейдизм  ба психология тобиши сосиоло­гӣ ва ба ҳодисаҳои иҷтимоӣ тобиши психологӣ медиҳад. Неофрейдизм қонунҳои объективии иҷтимоиеро, ки қонунҳои психология нестанд, инкор ме­намояд. Ба Неофрейдизм таълимоти умумии муносибатҳои байни ашхос хос аст, ки онро Салливан инкишоф додааст. Мувофиқи ақидаи ӯ дар рӯҳ ба чуз муносибат бо ашхос ва объектҳои дигар ё иваз намудани вазъияти байни шахсиятҳо чизи дигаре нест. Мавҷудияти шахс чун асотир ё хаёли ботил, худи шахс бошад, ҳамчун маҷмӯи муносибатҳои бай­ни образҳои таҳрифшудаю хаёлӣ до­ниста мешаванд.

Неофрейдизм  ҷараёни ягонаи том нест. Чунончи, Салливан фард­ро дар муҳити байнишахсӣ нопадид гардондааст, Хорни бошад то андозае ба ҳаракати зотӣ қобил будани инсонро имконпазир шуморидааст. Фромм мавқеп позитивистиро тарк намуда, назарияи иҷтимоию танқидии аптропологиро инкишоф меди­ҳад. Неофрейдизм дар таълимоти ӯ ба назарияи «сотсиализми коммунитарӣ»-и ха­ёлӣ табдил ёфтааст. М. Мид, Кардинер ва дигар Неофрейдизмро бо антропологияи маданӣ муттаҳид менамоянд. Ин кӯшиш аксаран ба ғояҳои релятивизми маданӣ ва муқоисанашавандагии психологии маданиятҳои алоҳида оварда мерасонад. Неофрейдизм ба фаъолияти ба ном гурӯҳи чикагогии психоаналитикҳо таъсири калон расондааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …