Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Немсова Вожена

Немсова Вожена

Немсова (Nemcova) Вожена (4.2.1820, Вена — 21. 1. 1862, Прага), адибаи чех. Мактаби ибтидоиро хатм намуда, баъд худомӯзӣ кардааст. Воқеаҳои Револютсияи 1848-ро бо хайрхоҳӣ пешвоз гирифта, бо ҳамсараш Й. Не­мес дар деҳа ба корҳои маданию маърифатӣ машғул шудааст; дар матбуоти мутараққӣ низ ширкат варзидааст. Борҳо ба таъқиби ҳукуматдорон дучор шудааст.

Фаъолияти адабии ӯ бо шеъри ватандустии «Ба занони чех» (1843) ва китоби «Афсона ва ривоятҳои халқӣ» (қисми 1—7, 1845—47) шурӯъ гардид. Ҳикоя ва повестҳои солҳои 1850 навиштааш, ки ба одамони оддӣ бахшида шуда буданд, ба Немсова шӯҳрати адабӣ оварданд: «Барушка», «Барраи ваҳшӣ», «Дар қалъа ва дар назди қалъа» ва ғайра; повести ӯ бо унвони «Модаркалон» (1855) хеле машҳур мебошад. Немсова «Афсонаҳои словакӣ»-ро ҷамъ ва ба забони чехӣ нашр намудааст (1857—58). Ду китоби Немсова ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст: «Афсонаҳои заррин» (1981, тарҷумаи Абдулло Зокир) ва «Афсонаҳои рангин» (1984, тарҷумаи Ҷумъа Одинаев).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …