Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Немирович-Данченко

Немирович-Данченко

Немирович-Данченко Влади­мир Иванович (23. 12. 1858, Озургети, ҳозира Махарадзеи РСС Гурҷистон— 25. 4. 1943, Моск­ва), режиссёр, арбоби театр, педа­гог, нависанда ва драматурги сове­тӣ Артисти Халқии СССР (1936). Асосгузори (якҷоя бо К. С. Станислав­ский) Театри бадеии Москва (ҳо­зира Театри бадеии академии Москва ба воми М. Горкий). Солҳои 1876—79 донишҷӯи факултети физикаю математикаи Университети Москва. Солҳои 70 ҳамчун мунаққиди театр ном баровард. Асарҳои насриашро дар ра­вияи А. П. Чехов эҷод кардааст. Песаҳои ӯ «Кори нав» (1890), «Тилло» (1895), «Қадри ҳаёт» (1896) ва ғайра дар Театри хурд ва Театри Алек­сандрин намоиш дода мешуданд.

Дарки амиқи санъати театрии замонаш Немирович-Данченкоро ба фикри ислоҳоти он, нав кардани решаҳои тамоюлоти мавҷуда овард. Дар Ҷамъияти санъат ва адабиёт бо фаъолияти режиссёрии К. С. Станиславский шинос шуда, кӯшишҳои минбаъдаашро дар ҳамкорӣ бо ӯ давом дод. Таъсис ёфтани Театри бадеии оммавӣ соли 1898 (номи аввалаи МХАТ) натиҷаи ин ҳамкорӣ буд. Ҳайати театрро шогирдони Немирович-Данченко ва аъзоёни Ҷамъияти санъат ва адабиёт ташкил доданд. Дар театри мазкур қариб ҳамаи песаҳои машҳури А. П. Чехов «Моҳихӯрак» (1898), «Ваня-амак» (1899), «Се хоҳарон» (1901), «Олуболузор» (1904), «Иванов» (1904), инчунин песаҳои Максим Горкий «Дар қаър» (1902), Г. Гауптман «Бека­сов» (1899), Г. Ибсен «Вақте ки мо, мурдагон, бедор мешавем» (1900) ва ғайра гузошта шудаанд.

Соли 1903 Немидов-Данченко фоҷиаи У. Шекспир «Юлий Цезар»- ро ба саҳна гузошт, ки дар он воситаҳои театрии психологии ҳозиразамон васеъ истифода шудааст. Маҳорати режиссёрии Немидов-Данченко махсусан ҳангоми басаҳнагузории песаҳои классикии рус зоҳир гардид («Марги Пазухин»-и М. Б. Салтыков-Щедрин, 1914; «Бародарон Карамазовҳо»-и Ф. М. Достоевский). Солҳои пешазреволютсионӣ  театр ба таназзул дучор омад; ягон асари драмавие набуд, ки Немидов-Данченко ба он такья карда, театрро боз ба сафи пеш барорад (спектаклҳои ин давра «Анатэма», 1909 ва «Тафаккур», 1914, асарҳои Л. Н. Андреев ва ғайра).

Faлабаи Револютсияи Ок­тябр барои Немидов-Данченко имкониятҳои ва­сеъ фароҳам овард. Саҳми Немидов-Данченко дар инкишофи санъати режиссёрӣ, ташаккули МХАТ дар асосҳои реализми сотсиалистӣ ва тарбияи актёрони нави ифодакунандаи гуманизми со­тсиалистӣ хеле бузург аст. Немидов-Данченко дар роҳи ба садҳа гузоштани асарҳои муаллифони советӣ кушишҳои зиёде кардааст («Любов Яровая»-и К. А. Тренёв, 1938, «Соати бурҷи Кремл»-и Н. Ф. Погодин, 1942 ва ғайра). Немидов-Данченко ба таҳлили ленинии эҷодиёти Лев Николаевич Толстой такья намуда, «Эхьё» (1930) ва «Анна Каренина» (1937)-ро манзури назари тамошобинон кард.«Раъду барқ»-и Н. А. Ост­ровский (1935), «Дод аз дасти ақл»-и А. С. Грибоедов (1938) низ аз кор­ҳои намоёни Немилов-Данченко мебошанд. Немидов-Данченко тамоми умр бо ҳалли масъалаҳои назарияи театр машғул шудааст. Дар соҳаи театри мусиқӣ низ принсиҳои реализми саҳнавиро татбиқ намуда, соли 1919 дар назди Театри бадеии Москва (МХАТ) Студияи мусиқӣ таъсис кард (аз соли 1928 Театри мусиқии ба номи В. И. Немирович — Данченко) ва дар он як қатор спектаклҳо гузошт. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1942, 1943). Бо орде­ни Ленин ва ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …