Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Немчинов Василий Сергеевич

Немчинов Василий Сергеевич

Немчинов Василий Сергеевич (15. 1. 1894, деҳаи Грабово, ҳозира вилояти Пенза — 5. 11. 1964, Москва), иқтисодчӣ ва статистики советӣ, академик АФ СССР (1946), акададемик АФ РССБ (1940), академик ВАСХНИЛ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1940. Соли 1917 шӯъбаи иқтисоди Институти тиҷоратии Москваро хатм кардааст. Солҳои 1928—48 мудири кафедраи статистика, 1940—48 директори Ака­демияи хоҷагии халқи ба номи К. А. Тимирязови Москва буд. Солҳои 1949—63 раиси Совети омӯзиши қувваҳои истеҳсолӣ ва дар як вақт аз соли 1947 профессори кафедраи иқтисоди сиёсии Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ КПСС Соли 1958 дар СССР аввалин лабораторияи тадқиқоти иқтисодию матема­тикиро таъсис дод, ки соли 1963 дар асоси он Институти марказии иқтисоду математикаи Академияи Фанҳои СССР ташкил ёфт.

Солҳои 1953—59 академик— котиби Шӯъбаи илмҳои иқтисодиёт, фалсафа ва ҳуқуқи Академияи Фанҳои СССР буд. Асарҳои ӯ асосан ба масъалаҳои назария ва амалияи статистикаи советӣ, проблемаҳои инкишофи қуввахои истоҳсолӣ ва сохти истеҳсолоти ҷамъиятӣ, усулҳои омӯзиши самаранокии меҳнат ва ғайра  бахшида шудаанд. Солҳои 1953—62 аъзои Президиуми Академияи Фанҳои СССР, аъзои дақиқии Институти байналхалқии статистика (1958), аъзои фа хрии Ҷамъияти статистикаи шоҳии Англия (1961). Лауреати Мукофоти дав­латии СССР (1946), Мукофоти ленинӣ (1965). Бо 3 ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Мехнат, ордени Ситораи Сурх ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Асос: Сельскохозяйственная статистика с основами общей теории, Москва,            1945;

Избранное произведение, том 1—6, Москва„ 1967—69.

Адабиёт: Василий Сергеевич Немчинов, Москва, 1964.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …