Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (таваллуд 16. 09. 1937, Ӯротеппа), олими советӣ дар соҳан сохтмони зилзилабардор, аъзо-корр. АФ РСС Тоҷикистон (1972), муовини академик-котиби шӯъбаи илмҳои физикаю ма­тематика ва геоло- гияю химия, директори Институти сохтмони зилзила­бардор ва сейсмологияи АФ РСС Тоҷикистон. Аъзои КПСС аз соли 1966. Соли 1961 Институти политехникии Тоҷикистонро хатм намуд.

Бо роҳбарии Неъматуллоев дар мамлакати мо аввалин озмошгоҳ оид ба санҷиши зилзилабардории (иншоотҳои инже­нерӣ ташкил карда шуд. Неъматуллоев муаллиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, аз он ҷумла 2 моногра­фия: «Схемаҳои ҳисобу китоби динамикии биноҳо ва лапишҳои озоди онҳо» (1971) ва «Проблемаҳои ҳозиразамони сейсмологияи инженерӣ ва назарияи зилзилабардорӣ» (1976) мебошад; як қатор асарҳои Неъматуллоев ба забонҳои хориҷӣ низ чоп шудаанд.

Аъзои бюрои Советӣ байнисоҳавӣ оид ба сейсмология ва сохтмони зилзилабардори назди Президиумп АФ СССР, аъзои совети илмӣ-техникии зилзилабардории Комитети давлатии СССР оид ба корҳои сохтмон, муовини раиси сексияи идоравии Советӣ сейсмология ва сохт­мони зилзилабардори Осиёи Миёна ва Қазоқистон, аъзои хориҷии Институти тадқиқоти илмии сейсмологияи ин­женерии Америка. Бо медал ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …