Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Неъматуллоев Ҳабибулло

Неъматуллоев Ҳабибулло

Неъматуллоев  Ҳабибулло (1900, шаҳри Ӯротеппа — 24. 08. 1975, шаҳри Душанбе), яке аз иштирокчиёни фаъоли сохтмони сотсиализм дар Тоҷикистон. Аъзои КПСС aз соли 1926. Муаллими Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1960). Неъматуллоев фаъолияти меҳнатиашро аз посбонии мактаби деҳаи Беговот cap кардааст. Баъди хатми курси кӯтоҳмуддатӣ муаллим тайёркунӣ солҳои 1919—1925 муаллими мактаби ибтидои, ҷонишини мудири шӯъбаи маданӣ равшаннамоии комитети вилоятии комсомол, 1926—1929 мудири шӯъбаи маорифи халқи вилояти Ӯротеппа ва котиби масъули комиҷроияи округ, аз соли 1930 мудири шӯъбаи маорифи халқи округи Кӯлоб буд.

Неъматуллоев баъд аз хатми филиали дар Тошкент будаи Институти профессураи сурх соли 1937 директори Институти педа­гогии Ленинобод таъин шуд. Солҳои 1938—1947 дар корҳои роҳбарии Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1947—1954 вазири маорифи халқи РСС Тоҷикистон 1954—60 ҷонишини Вазири маданияти РСС Тоҷикистон, ҷонишини мудири шӯъ­баи пропаганда ва агитатсияи КМ ПК Тоҷикистон, 1960—1974 сардори Управлонияи Архиви назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон буд. Аз соли 1974 нафақахӯри шахсии дараҷаи республикавӣ. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон, (даъватҳои 2, 3) буд. Бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон,  Грамотаи Фахрии Комите­ти Советии Муҳофизати Сулҳ мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …