Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нематосидаҳо

Нематосидаҳо

Нематосидаҳои, нематисидаҳо (аз нематодаҳо ва лотинӣ саеdo — мекушам, маҳв мекунам), моддаҳои химиявӣ барон маҳви нематодаҳои растанихӯри зараррасон. Махсусан Нематосидаҳои хлорпикрин, бромиди метил, немагон, препаратп ДД, карботион, ки хусусияти фумигантӣ (ҳангоми дар ҳолати газу бут ба воситаи узвҳои нафас ба организми немато­да дохил шудан заҳролуд мекунад) доранд, пайвастҳои фосфорорганикии контактӣ ё системавӣ (карбо­фос, метилмеркаптофос, фосфамид) васеъ истифода мешаванд.

Нематосидаҳо таъсирашон системанок ба воситаи ре­шаю барг ба тамоми растанӣ паҳн шуда онро барои нематодаҳои паразит заҳрнок мекунад. Баъзе Нематосидаҳо (масалан, хлорпикрин) дорои таъсири комп­лексӣ (интектисидӣ, фунгисидӣ ва гербисидӣ) мебошанд. Барои маҳви нематодаҳои паразити решаи растаниҳо Нематосидаҳои  фумигантиро ба хок меандозанд ё барои коркарди пеш аз кишти тухмӣ, пиёзак, бехмева ё ре­шаи кӯчат истифода мекунанд. Нематосидаҳои фосфорорганикиро ба баргу пояи растанӣ мепошанд.

Усул, вақт ва меъёри истифодаи Нематосидаҳо  гуногун буда, ба шакл ва хусусиятҳои препарат, типи хок, шароити муҳит, намуди нематодаҳо ва растании муҳофизӣ вобаста мебошад.  Нематосидаҳои барои растани заҳрнокро 10—40 шабонарӯз пеш аз кишту кӯчат ё тирамоҳ пеш аз кишти зироати соли оянда ба замин меандозанд. Агар Нематосидаҳоро ҳангоми кишту кӯчат ё дар давраи нашви зироат ба замин андозанд заҳрнокии онҳо кам мешавад. Ба қоидаҳои нигаҳдорӣ, кашондану истифодаи Нематосидаҳо ва ғайра риоя кардан шарт аст. Нигаред низ Касалиҳои нематодии растанй.

Ад.: Кирьянова Е. С., Крал ль Э. Л., Паразитические нематоды расте­ний и меры борьбы с ними, том 2, Ленинград 1971; Деккер X.. Нематоды растений и борьба с ними, Москва, 1972.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …