Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нематодозҳо

Нематодозҳо

Нематодозҳо, бемориҳои одам, ҳайвонот ва растанӣ, ки нематодаҳо ба вуҷуд меоранд. Нематодаҳо дар аксари узву бофтаҳои одаму ҳайвонот (мушак, ҷигар, гурда, меъдаю рӯда ва ғайра) ва қисмҳои растанӣ (реша, поя ва барг) паразитӣ мекунанд.

Нематодозҳо 2 хел мешаванд: геонематодозҳо (ангезандаи онҳо дар муҳити беруна — хок, об ва ғайра инкишоф меёбанд) ва бионематодозҳо (инкшофашон ба ивазшавии организми соҳиб вобаста аст). Одам аз Нематозҳо одатан ҳангоми бо об ва хӯрокихо фурӯ бурдани тухм ё кирминаи нематодаҳо сироят меёбад. Тухм ва кирминаи нематодаҳо дар муҳити беруна фақат дар шароитҳои муайян (ҳарорат, кофӣ будани намӣ ва оксиген) инкишоф меёбанд. Аз Нематозҳо дар одам бештар аскаридоз, энтеробиоэ, трихосефалёз, трихинеллёз ва ғайра паҳн шудаанд.

Нематозҳо дар ҳамаи ҳайвонҳои мӯҳрадор дучор мешаванд. Ангезандаи Нематозҳо ка­риб дар тамоми узву бофтаҳои организми ҳайвонот паразитӣ мекунанд. Паҳншавии Нематодозҳо ба иқлим, мавҷудият ва миқдори организмҳо, манбаи сироят, шароитҳои нигоҳдории ҳайвонҳо, эътимоднокии тадбирҳои табобатию профилактикӣ ва дигар омилҳо вобаста аст. Ба чорводорӣ бештар аскаридоз, амидостомоз, буностомозҳо, диктиокаулёз, трихинел­лёз ва ғайра зарар мерасонанд. Нигаред  низ Касалиҳои нематодии растанй.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …