Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нематодаи шолӣ

Нематодаи шолӣ

Нематодаи шолӣ, лӯндакирми паразит аз оплан Tylenchidae, ки касалиҳои шолӣ (масалан, урфу)-ро ба вуҷуд меорад. Дарозиаш 0,7—1,2 милиметр (модинааш 0,6—1,1 милиметр). Дар Ҳиндустон (Бангола ва дигар музофотҳо), Миср, мамлакатҳои нимҷазираи Малак­ка ва ғайра паҳн шудааст. Дар СССР (зараррасони карантинӣ) нест (1978). Дар бари барг, зери пулакчаҳои хуша ва нуқтаҳои сабзиш зиста, бофта ва шираи растаниро мехӯрад. Фасли тобистон се бор насл медиҳад. Қисми зиёди растании ка­сал нобуд шуда, ҳосил хеле паст ме­шавад. Аз Нематодаи шолӣ асосан навъҳои дерпази кошташавандаи шолӣ зарар мебинад. Касалии афеленхоидоз ё «сафедсарак»-ро дигар Нематодаи шолӣ— Aphelen- choides besseyi ба вуҷуд меорад. Нигаред низ Касалиҳои нематодии растанӣ.

Адабиёт: Кирьянова Е. С., К р а л л ь Э. Л., Паразитические немато­ды растений и меры борьбы с ними, том 2, Ленинград , 1971; Деккер’Х., Не­матоды растений и бо­рьба с ними, Москва, 1972.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …