Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нематодаи гандум

Нематодаи гандум

Нематодаи гандум (Anguina tritici), кирмчаест, ки касалии ангуллюлинози гандумро ба вуҷуд меорад. Ба ҷав, ҷавдор, сулӣ ва ғайра низ зарар мерасонад. Нематодаи гандум дар Доғистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистони Шарқӣ, кишвари Краснодар, инчунин дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикҷистон вомехӯрад. Растанӣ ҳангоми аз Нематодаи гандум осеб дидан тамоман аз сабзиш мемонад ва ба ҷои дон дар хӯшаҳо бузғунҷ (ғалла) ҳосил мешавад.

Дар дохили ҳар як бузғунҷ аз 5 то 15 ҳазор кирмчаҳо мавҷуданд. Бузғунҷҳо ба замин рехта, аз намӣ мекафанд, кирмчаҳои онҳо аввал ба поя, баъд ба барг ва аз он ба ҷанини гул гузашта, растаниро касал мекунанд. Нематодаи гандум бо дон, пахол ва инчунин олоти хоҷагии қишлоқ паҳн меша­вад. Ҳоло Нематодаи гандум дар СССР қариб тамоман  нест шудааст.

Адабиёт: Кирьянова Е. С., Кралль Э. Л., Паразитические нематоды расте­ний и меры борьбы с ними, том 1—2, Ленинград, 1969—71.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …