Маълумоти охирин

Неъмат

Неъмат дарахлоқ ва фалсафа он чизе, ки дорои маънои муайяни мусбат аст. Масъалаи Неъмат дар фалсафа вобаста ба шарҳи маъ­нои ҳастӣ ва мавҷудият омадааст. Фалсафаи атиқа маловат («эвдемония»)-ро Неъмати олӣ медонад. Мазмуни нуқтаи мазкур аз тарафи намояндагони ҷараёнҳои мухталиф ба таври гуногун таъбир шудааст: Ҳамчун лаззат (киренакҳо, Эпикур) ё худдорӣ намудан аз шаҳват; ҳамчун накӯкорӣ дар маънои ҳукмронии табиати олӣ, мутааққил аз болои табиати оддӣ (Арасту, равоқиюн ва ғайра). Афлотун «воҳид»-ро ҳамчун асоси ҳама гуна ҳастӣ «неъмат» медонад.

Арасту се навъи Неъматро фарқ меку­над: ҷисмонӣ (саломатӣ, қувва ва ғайра), зоҳирӣ (боигарӣ, шаъну шараф) ва рӯҳонӣ (заковат, покахлоқӣ ва ғайра). Дар схоластикаи асримиёнагӣ худо Неъмати олӣ, манбаи ҳама гуна Неъмат ва мақсади ниҳоии инсон эътироф мешавад. Фалсафаи Европаи нав ро­ли субъектро дар муайян намудани ягой чиз ҳамчун неъмат медонад (Т. Гоббс, Б. Спиноза). Масалан, Неъмат чизест, ки ба инсон лозим аст ва инсон ба­рои комёб шудан ба он мекӯшад. Хусусияти дигари ахлоқи Европаи нав аз он иборат аст, ки он Неъмтаро ба фоида нисбат медиҳад (Ниг. Утили­таризм). Кант Неъмати олӣ ва мукаммалро фарқ  мекунад: якумаш иро­даи пок, покахлоқӣ, дуюмаш бо ҳам пайвастани накӯкорӣ ва лаззатро талаб мекунад. Минбаъд фаҳмиши Неъмат аҳамияти худро гум карда, аз миёнаи асри 19 инҷониб ба мафҳуми қадрият истифода мегардад. Неъмат дар ,маънои танги ахлоқӣ синоними накӯкорист (ниг. Некӣ ва бадӣ).

Неъмати моддӣ дар иқтисод и-ё т вобаста ба ду масъала тахқиқ мешавад: аз нуқтаи назари фоиданокиаш (қобилияти талаботи муайяни одамиро қонеъ намудан) ва аз нуқтаи назари ҳиссаи одам дар истеҳсоли онҳо. Одатан аз Неъматҳои мод­дӣ Неъматҳои истеъмолиро ҷудо мекунаяд. Ниг. Некӯаҳволӣ.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …