Главная / Маданият ва санъат / Неъмат ибни Мирзотоши Самарқандӣ

Неъмат ибни Мирзотоши Самарқандӣ

Неъмат ибни Мирзотоши Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва донишманди асри 17 тоҷик. Гузаштагони Неъмат аслан аз Мастчоҳ будаанд. Неъмат дар Самарқанд таваллуд шуда, дар ҳамон ҷо камол ёфта, илмҳои сарфу наҳв, мантиқу калом, ҳикмату ҳайат, ҳадису тафсир, фиқҳ, ва инчунин рамлу нуҷум арузу қофияро мукаммал омӯхтааст. Неъмат дар давраи ҳукмронии Амирбекӯғлӣ дар Самарқанд мӯҳтасиб буд. Баъд аз вафоти Амирбекӯғлӣ Бухоро рафта, ба хизмати Абдулазизхон дохил шуд. Дар иншонависӣ аз ҳамаи муншиёни дарбор бартарӣ доштааст. Баъд аз ҷулуси Султонқулихон дар Бухоро (1680) аз хидмат рафта, гушанишинӣ ихтиёр кард. Ашъорн Неъмат, хусусан ғазалҳову рубоёташ соддаву равонанд. Мероси манзуми Неъмат ба тарзи муҷтамеъ боқӣ на- мондааст. Вале ба воситаи тазкираҳо як миқдор абёти ӯ ба мо расидааст.

Ин рубоӣ намунаи шеъри ӯст:

Неъмат, ту мудом бода танҳо нахӯрӣ,

Гар бола хӯрӣ даме ту бо мо нахӯрӣ.

Донӣ сари зулф аз чӣ рӯят надиҳад.

То бо сари зулфат ба касе во нахӯрӣ.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

bozgasht

БОЗГАШТ

БОЗГАШТ дар тасаввуф асл (калима)-и шамум аз усул (калимот)-и ҳаштгонаи вазъкардаи хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ, ки …