Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неманиҳо

Неманиҳо

Неманиҳо (Неманньп), сулолаест дар Сербияи асрҳои миёна (нимаи дуюми асри 12—1371). Саравлоди он жупани кабир (жупан — сардори воҳиди маъмурию территориявӣ). Рашки Стефан Неман (солҳои ҳукмронӣ тақрибан 1170—96) ба давлати ягонаи феодалӣ дар Сербия асос гузоштааст (ба ном давлати Неманиҳо). Намояндагони дигари он; писари Немани жу­пани кабир Стефан Первовенчанный (1196—1227) унвови фахрии шоҳро соли 1217 гирифт; писарони ӯ шоҳон Стефан Радослав (1227—34), Стефан Владислав (1234—43), Стефан Уроши I (1243—76); писарони Уроши I шоҳон Стефан Драгутин (1276— 82), Стефан Урошп II Милутин (1282—1321); писари ӯ Стефан Уро­ши III Дечанский (1321—31); писа­ри ӯ Стефан Душан (1331—55) дар Балкан шоҳии калони сербу юнониро ташкил дода, соли 1346 худро «шоҳи сербҳою юнониён» эълон кард; дар аҳди писари ӯ шоҳ Стефан Урош (1355—71) давлат ва сулолаи Неманиҳо бар­ҳам хӯрд.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

sektanstvo

БОҚИРИЯ

БОҚИРИЯ, як фирқаи имомии шиа, ки пайравонаш имоматро аз Алӣ ибни Абутолиб то имом Боқир …