Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи Неман

Дарёи Неман

Неман, лит. Н я м у н а с, бело­русӣ—Нёман, Неманец, дарёест дар РССБ, РСС Литва қисман дар қад-қади сарҳади вилояти Калинингради РСФСР. Тӯлаш 973 километр, масоҳат. ҳавзааш 98200 км2. Сароби дарьё дар ҷануби баландии Минск воқеъ гаштааст. Неман аз пастии Неман ҷорӣ шуда, ба халиҷи Куршии баҳри Балтика мерезад ва дар резишгоҳ делтаро ташкил медиҳад. Дар он ҷое, ки қӯҳтеппаи Балтикаро бурида мегузарад, дарё бисёр печутоб мехӯрад ва остонаҳои зиёде дорад. Дар ҳавзаи Неман кӯлҳои хурд бисёранд. Манбаи дарё барфу борон. Сарфи об ба ҳисоби миёна 678 метр/сония. Аз миёнаҳои март то охири май пуроб аст. Аз декабр то март ях мебандад. Шохобҳои асосиаш: аз чап — Шара, Шяшупе, Сви­слочь; аз рост — Березина, Мяркис, Нявежис, Дубиса, Юра, Минин. Ба воситаи каналҳо бо дарёҳои Днепр ва Висла алоқаманд аст. Аз резишгоҳ то шаҳри Бирштонас мунтазам киштй мегардад. Дарё барои салкашӣ истифода мешавад. Дар Неман ГЭС-и Кау­нас ва обанбор сохта шудааст. Дар соҳилҳои дарё шаҳрҳои Столбци, Мос­ти, Гродно, Друскининкай, Алитус, Каунас ва ғайра воқеъ гаштаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …