Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нёлдеке Теодор

Нёлдеке Теодор

Нёлдеке (Noldeke) Теодор (02. 03. 1836, Ҳарбург — 25. 12. 1930, Карл­сруэ), шарқшинос, филолог ва таърихшиноси немис. Профессори забонҳои шарқи университетҳои Кил (аз 1868) ва Страсбург (1872—1906). Аз соли 1885 аъзо-корр. АФ Петербург, аз 1927 аъзои фахрии АФ СССР.

Муаллифи асарҳои доир ба арабшиносӣ, эроншиносӣ, туркшиносӣ. Асарҳои муҳимтарини Ӯ ба масъалаҳои пайдоиши Қуръон, хронологияи таъхифи қисмҳои он, таърихи қадим ва асрҳои миёнаи Эрон, таърихи забонҳои сомию осори барҷастаи адабиёти форс-тоҷик («Шоҳнома», «Калила ва Димна» ва ғайра) бахшида шудаанд.

Ос.: Семитские языки и народы. (Пер. с нем.), ч. 1—3, М., 1903—12.

Ад.: Крачковский И. Ю.. Избр. соч.. т. 5, М.— Л., 1958.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …