Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Некӯаҳволи

Некӯаҳволи

Некӯаҳволи, дараҷаи қонеъ намудани талаботи моддӣ, маънавӣ ва иҷтимоии одамон, таъмин будани аҳолӣ аз неъматҳои истеъмолӣ. Вазъи Некӯаҳволиро нишондодҳои миқдорию сифатӣ, ки соҳаҳои мухталифи онро дар бар мегиранд, муайян мекунад. Macалан, ҳаҷми умумии неъматҳои моддии истеъмолшаванда ва хизмат ба ҳар сари ахолӣ, ҳаҷми истеъмолии маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои ғайриистеъмолӣ; даромади реалии аҳолӣ; ҳаҷун музди кор, фондҳои ҷамъиятии  истеъмолӣ; давомнокии вақти корӣ ва вақти холӣ; шароити манзилгоҳ; нишондодҳои соҳаи маориф, маданият, нигоҳдории тандурустӣ ва ғайра. Некӯаҳволӣ ба дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва характери муносибатҳои истеҳсолӣ вобаста аст.

Амали қонунҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама амали қонуни асосии иқтисодӣ ва мақсади истеҳсолоти ҷамъиятё моҳияти Некӯаҳолиро муайян мокунад. Некӯаҳволӣ дар замони капитализм муносибати истисмориро ифода мекунад. Некӯаҳволии меҳнаткашон ва буржуазия мутлақо ба ҳам мухолиф мебошад. Қонуни асосии иқтисодии капитализм меъёри иҷтимоии дараҷаи зиндагии меҳнаткашон маҳдудияти талаботи такрор истеҳсоли қувваи кориро муай­ян менамояд, ки барои ба даст овардани арзиши изофа, андӯхтани капитал зарур аст. Қашшоқшавии нисбӣ, дар баъзе давраҳо қашшоқшавии мутлақи меҳнаткашон хоси капитализм аст. Бекорӣ дар замони капитализм ба Некӯаҳволии меҳнаткашон таъсири манфӣ мерасонад. Ҳоло дар олами сармоя 30 миллион нафар одамон бекоранд. Гуруснагӣ, бекорӣ, набудани боварӣ ба фардо, интенсификатсияи бепоёни меҳнат заминаи касалиҳои иҷтимоӣ (нашъамандӣ, касалиҳои рӯҳӣ, касалихои дарунӣ, сил ва ғайра) буда, боиси барвақт аз кор мондан, кӯтоҳ шудани умри меҳнаткашон мегардад.

Некӯаҳволӣ дар замони сотсиализм муносибати ҳамкории коллективонаро ба­рои пурра қонеъ гардондани тала­боти моддию маънавии халқ ва инкишофи ҳаматарафаи ҳар як шахс ифода мекувад. Некӯаҳволии ба тарзи иҷтимоии ҳаёт алоқаи зич дорад. Дар мамлакатҳои сотсиалистӣ дар просесси сохтмони сотсиализм ва коммунизм Некӯаҳволии сифатан нави меҳнаткашон ба даст оварда шудааст, ки он аз истисмор озод аст. Меҳнати озоди дар як узви қобили меҳнати ҷамъият моли инкишофи тарзи ҳаёти сотсиалистӣ ва баланд шудани Некӯаҳволӣ мебошад. Сотсиализм ҳамаи аъзои ҷамъиятро бо кор таъмин мекувад.

Аз рӯи маълумоти ба рӯихатгирии аҳолии соли 1970 дар истеҳсолоти ҷамъиятии СССР зиёда аз 92% аҳолии қобили меҳнат иштирок дошт. Беко­рӣ дар тамоми мамлакатҳои аъзои СЭВ комилан маҳв шудааст. Аа рӯи план инкишоф ёфтани истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва афзоиши собити даромади миллӣ асоси моддии мунтазам баланд шудани Некӯаҳволли аҳли ҷамъияти сотсиалистӣ мебошад. Дар СССР 4/5 ҳиссаи даромади миллӣ барои истеъмол ва чаҳорьяки он барои андӯхтан истифода мешавад. Агар чунин нукта ба назар гирифта шавад, ки 1/5 ҳиссаи фондҳои андӯхт барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, мактаб, беморхона, муассисаҳои мада­нию маърифатӣ, иншооти спортӣ, муассисаҳои хизмати коммуналию маишӣ сарф мешаванд, ҷамеи неъматҳои моддие, ки бевосита барои беҳбудии зиндагии халқ сарф ме­шаванд, зиёда аз 80% даромади миллиро ташкил медиҳад. Вазни қиёсии фондҳои истеъмолӣ дар даромади миллии Булғория, Венгрия РДГ, Полша, РСЧС дар ҳудуди 69—77% мебошад.

Дар мамлакатҳои капиталистӣ қисми зиёди даромади миллиро синфҳои истисморгар аз худ ме­кунанд. Дар ҷамъияти сотсиализми мутараққӣ имконияти дар як вақт инкишоф ёфтани истеҳсолот ва ба­ланд шудани Некӯаҳволии халқ пайваста васеъ мешавад. Дар панҷсолаи 10-ум дар СССР барои баланд бардоштани Некӯаҳволии халқ нисбат ба ду панҷсолаи гузашта зиёдтар маблағ сарф шуда­аст. Тавассути ин музди кори бештар аз 75 миллион нафар одамони советӣ афзуда, ба 40 миллион нафар нафақа, сти­пендия, ёрдампулӣ ва дигар хел ёрии моддӣ зиёд карда шуд. Хамчун шарти асосии баландшавии Некӯаҳволӣ даромади миллии республика низ афзуд. Хароҷоте, ки дар панҷсолаи 11-ум барои Некӯаҳволии меҳнаткашони республика пешбинй шудааст, нисбат ба панҷсолаи даҳум 3,6 миллиард сӯм зиёд аст.

Программаи инкишофи иҷтимоии деҳоти советӣ, ки партия муқаррар кардааст, бо муваффақият иҷро ме­шавад. Некӯаҳволии деҳқонон назар ба Некӯаҳволии коргарону хизматчиён зудтар баланд мешавад. Солҳои 80-ум барои баланд бардоштани Некӯаҳволии аҳолии деҳот тақрибан 160 миллиард сӯм сарф карда мешавад. Ин яке аз шартҳои зарурии бартараф намудани тафовутҳои иҷтимоию иқтисодӣ, маданию маишии байни шаҳру деҳот аст.

Яке аз нишонаҳои асосии Некӯаҳволӣ даромади реалӣ ба ҳар сари аҳоли мебо­шад. Дар СССР он дар ҳар 15 сол ду баробар афзуда, дар панҷсолаи ёздаҳум нисбат ба панҷсолаи даҳум 16—18% зиёд мешавад. Дараҷаи истеъмоли неъматҳои моддӣ, арзон намудани он ба ғамхории давлат дар ҳаққи аъзоёни ҷамъият далолат мекунад.

Аломати муҳимми баланд будани Некӯаҳволӣ афзудани ҳаҷми муомилаи молҳои чакана аст. Соли 1980 муомилаи мол дар республика нисбат ба 1975— 34% шуд, ки 207 миллион сӯм аз план зиёд аст.

Ба системаи маорифи халқи рес­публика диққати ҷиддӣ дода меша­вад. Танҳо даҳ дад соли охир хароҷот барои маорифи халқӣ ду баробар афзуд. Барои нигоҳдории тандурустӣ давлат аз ҳисоби фондҳои ҷамъиятии истеъмолӣ маблағ сарф ме­кунад. Хизмати тиббӣ дар мамлакати мо бепул аст. Дар ШМА аҳоли дар сол барои хизмати тиббӣ 50 миллиард доллар сарф мекунад.

Дар кори баланд бардоштани Некӯаҳволӣ ғамхории давлат дар ҳакқи кӯдакон мавқеи калон дорад. Соли 1965 дар рес­публика 431 муассисая томактабӣ вуҷуд дошт, ки 54598 нафар кӯдаконро дар бар мегирифт. Соли 1980 адади муассисаҳо ба 720 ва миқдори тарбиятгирандагон ба 112758 нафар расид.

Дар РСС Тоҷикистон чун дар тамоми СССР барои кӯдакон ёрдампулӣ дода мешавад. Танҳо соли 1974 дар республика барои модарони серфарзанд аз ҳисоби давлат 89,1 миллион сӯм харҷ шуд.

Дар СССР бо роҳи баланд бардош­тани ҳаҷми нафақа, алалхусус бо ро­ҳи ба ҳам наздик кунонидани ҳаҷми нафақаи коргарон, хизматчиён ва колхозчиён кори аз нафақа таъмнн намудани аҳолӣ беҳтар карда ме­шавад. Чунончи, дар республика ҳаҷми минималли нафақа аз 30 то 45-сӯм барои колхозчиён аз 12 то 20 сӯм зиёд карда шуд.

Дар мамлакати мо занон дар синни 55 ва мардон дар синни 60 ба нафақа мебароянд. ‘Ҳол он ки дар ШМА мардон дар синни 65 ва занон дар синни 62, дар РФГ, Финляндия, Нидерланд зану мард дар синни 65, дар Канада, Ирландия ва Норвегия зану мард дар синни 70 ба нафақа мебароянд.

Хусусияти дигари беҳтар шудани Некӯаҳволии одамон дар замони сотсиализм кӯтоҳ намудани рӯзи корӣ ва зиёд шудани вақти холист. Кӯтоҳ наму­дани вақти корӣ дароз намудани мӯҳлати отпускҳо, сабук кардани меҳнати хонагӣ боиси афзудани вақти реалӣ гардид. Вақти холӣ ба ибораи Карл Маркс сарвати дақиқии ҳар як шахс ва тамоми ҷамъият аст.

Адабиёт: Материалҳои съезди 26 КПСС, Душанбе. 1981; Капустин Е. И., Рост благо­состояния советского народа — высшая цель экономической политики КПСС, Москва,

Советский Таджикистан аз 50 лет, Душанбе 1975; Шаги нашего развития, Душанбе, Д. Хуморов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …