Маълумоти охирин
Главная / Илм / Некроз

Некроз

Некроз (юн. nekrosis — карахтшавӣ, беҳисшавӣ аз nekros — мурда), карахтшавии (мурдани) ҳуҷайра, бофта ё узвҳои алоҳидаи орга­низми зинда. Вобаста ба сабабҳои пайдоишаш Некроз ҷароҳатӣ (сармо за­дан, сӯхтан), нейротрофӣ (ҳангоми беморим асаб, сирингомнелия — бемории музмини авҷгирандаи систе­маи асаб), ишемӣ (инфаркт, гангре­на), заҳрӣ (сифилис ва сил) ва аллергӣ (ҳангоми бемориҳои аллергӣ) мешавад. Аломатҳои клиникию мор­фологӣ ва оқибатҳои Некроз ба ҷои, паҳншавӣ, механизм ва шароити ба вучуд омадани он вобаста аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …