Маълумоти охирин
Главная / Илм / Некробактериоз

Некробактериоз

Некробактериоз, некроба­циллёз, касалии сироятии ҳайвонот. Дар шакли некрози бофтахои гуногун зохир мегардад. Ангезандаи Некробактериоз (Dact. necrophorum)-ро аввалин бор соли 1881 Р. Кох муайял намудааст. Ба Некробактериоз ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва акса- ри ҳайвоноти ваҳшӣ, баъзан одам ва паррандаҳо низ сироят меёбанд. Манбаи сироят ҳайвоноти касал ме­бошад. Микроб ба организм ба воситаи ҷароҳат, узвҳои ҳозима дохил мешавад. Ҳангоми Некробактериоз одатан қисми нарм ва байни сумҳо, парраи бинӣ ва лаб, пардаҳои луобии даҳон варам карда, ҷароҳат пайдо мешавад. Ҷои осеб мадда карда, бофтаҳо мепӯсанд. Ҳайвони касал лоғар шуда, мемирад. Касалиро дар асоси маълумоти эпизоотологӣ, клиникӣ ва тадқиқоти бактериологӣ муайян мекунанд.

Пешгирӣ ва муолиҷа: изолятсияи ҳайвони касал, барҳам дода­ни ширу гӯшти онхо; истифодаи моддаҳои дезинфексионӣ (маҳлулҳои сефоизаи перманганати калий, 1% спирта трапафлавин, 3—5.% пероксиди гидроген), антибиотикҳои гурӯҳи тетрасиклин ва ғайра.

Адабиёт: Коваленко Н. Р., Некробасциллёз сельскохозяйственных животных, Москва. 1948.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …