Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Некрасов Николай Николаевич

Некрасов Николай Николаевич

Некрасов Николай Николаевич (таваллуд 1. 7. 1906, Иркутск), иқтисодчии советӣ, академик АФ СССР (1968; аъзо-корреспондент 1958). Аъзои КПСС аз соли 1950. Соли 1929 факти иқтисодип Университети Иркутскро хатм кард. Аз соли 1957 оид ба омӯзиши проблемаҳои комп­лексии тараққиёт ва ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолии СССР тадқиқот мебарад. Аз соли 1968 роҳбари илмии тадқиқоти комп­лексӣ оид ба кор карда баромадани схема и генералии тараққиёт ва ҷойгиронии қувваҳов истеҳсолии СССР барои минбаъда мебошад.

Аз соли 1962 ба Совети ил­мии АФ СССР оид ба ҷойгиронии қувваҳои СССР, раиси Совет оид ба омӯзиши қувваҳои испгеҳсолӣ дар назди Госплани СССР (1966). Ноиб президенти Ҷамъияти дӯстии СССР ва Япо­ния (1969) ва аз 1970 рохбари Со­вет оид ба робитаҳои илмӣ дар соҳаи омӯзиши регионалӣ дар назди Президиуми АФ СССР. Аъзои Коми­тети мушовирии ТДМ оид ба про­граммаи тадқиқоти илмӣ ва таиёр кардани мутахассисони соҳаи тараққиёти регионалӣ (1970) аст. Асарҳои ӯ асосан ба иқтисоди регионалӣ, иқтисоди соҳаҳои хоҷагии халқ, npoблемаҳои иҷтимоии ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолии СССР бахшида шудаанд. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1970). Бо 3 орден мукофотонида шудааст.

Асос: Экономика химической промыш­ленности, Москва, 1966; Научные проблемы генеральной схемы размещения произво­дительных сил СССР [Москва], 1966; Экономи­ка СССР — взаимосвязанный народнохо­зяйственный комплекс, Москва, 1972; Пробле­мы сибирского комплекса, Новосибирск, 1973.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …