Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Некрасов Александр Иванович

Некрасов Александр Иванович

Некрасов Александр Иванович (9. 12. 1883, Москва — 21. 5. 1957, ҳамон ҷо), олими советӣ дар соҳаи ме­ханика, академик АФ-СССР (1946; аъзо- корреспондент 1932). Соли 1906 Университети Москваро хатм карда, дар як қатор мактабҳои олӣ ба фаъолияти педагогӣ машғул шуд. Аз соли 1918 дар Университети Москва (аз 1937 профессор), солҳои 1930—38 дар Институти марказии аэрогидродинамика, аз 1945 дар Институти механикаи АФ СССР кор кард. Некраосв методҳои тадқиқи мавҷхои муқарраршудаи амплитудаашон ниҳонро дар сатҳи моеи вазнину тазйиқинопазир пешниҳод намуд.

Ӯ муаллифи корҳои илмӣ оид ба назарияи ғайрихаттии ҳаракатҳои мавҷии муқарраршудаи моеъ; ҳалли масъалаҳои оиди шороиши ҷисми тарҳаш каҷхаттаи додашуда дар мо­еи тазйиқпазир ва тазйиқнопазир мебошад. Некрасов методи муайян карда­ни шороиши контурҳои ҳамворро бо сели газ пеш ниҳод ва диффузияи гирдобро дар моеи ғилзат, масъалаи флаттери (вибратсияи) боли самолёт, дар математика муодилаҳон интегралли ғайрихаттии ядроашон симметриро тадқиқ намуд. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1952). Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …