Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Некӣ ва бадӣ

Некӣ ва бадӣ

Некӣ ва бадӣ категорияҳои туури ахлокӣ, кӣ шаклҳои мутақобилаи (мусбату манфии) рафтору аъмоли одамон ва ҳодисадҳои иҷтимоиро ифода мекунанд. Дар таърихи этика аз қадим тамоюлоти материалистӣ ва идеалистӣ дар таъбири моҳияти Некӣ ва бадӣ ба ҳам зид буданд. Материализм ин мафҳумҳоро бо талабот ва манфиатҳои инсонӣ, қонунҳои табиат, хоҳишу нияти одамон (натурализм), лаззат ва ранҷу азоб, хушбахтӣ ва бадбахтии шахс (гедо­низм, эвдемонизм) ва аҳамияти иҷтимоии фаъолияти фардҳо барои ҳаёти якҷоя вобаста мекунад. Идеа­лизм Некӣ ва бадиро маҳсули иродаи илоҳӣ ва рӯҳи мутлақ медонад.

Танҳо фалсафа ва этикаи марксистии мафҳумҳоро ба заминаи ҳақиқатан илмӣ, иҷтимоию таърихӣ гузошта, Некӣ ва бадиро бо зиддиятҳои воқеии ҷамъият ва инъикоси махсуси онҳо дар шуури ахлоқии давра, системаҳои ҷамъиятӣ ва синфҳои муайян во­баста кард. Фаҳмиши мухталиф до­ир ба мазмуни конкретии Некӣ ва бадӣ низ аз ҳамин иборат аст. «Тасаввуроти оид ба хайру шар аз як халқ то халқи дигар, аз як аср то асри дигар он қадар бисёр тағйир меёфт, ки аксар вақт бо якдигар тамоман зид меомад» (Энгелс Фридрих, Анти- Дюринг, Душанбе 1975, саҳифаи 193). Аммо дар ин мафҳумҳо як андоза мазмуни умумӣ низ боқӣ мондааст; онҳо хамеша дар шакли баҳо ва дастури ахлоқи масъалаҳои амалии субъектҳои иҷтимоиро дар ҳозира ё ояндаи дур ифода. мекарданд.

Идеяи некӣ, навишта буд Владимир Илич Ленин, талаботи одамро дар воқеият инъикос менамояд, «яъне олам инсонро қонеъ намегардонад ва инсон қарор медиҳад, ки бо амали худ онро тағйир диҳад» (Acар, ҷилди 38f саҳифаи 215). Дар ахлоқи коммунистӣ аҳамияти Некб ва бадӣ маънои барҳам додани истисмор, нобаробарии иҷтимоӣ ва инкишофи ҳаматарафаи шахсро дар ҷамъияти бесинф ифода мекунад.

Адабиёт: Архангельский Л. М.. Ка­тегории марксистской этики, Москва, 1963.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …