Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нежон Жак Андре

Нежон Жак Андре

Нежон (Naigeon) Жак Андре (15. 7. 1738, Париж —28. 2. 1810, ҳамон ҷо), файласуфи материалист, атеис­ти франсавӣ, намояндаи мутааххири маорифпарварон. Соли 1795 аъзои Ин­ститути Франсия, 1803 аъзои Академияи Франсия буд. Нежон котиб ва ҳамкори наздики П. Гольбах буда, дар тайёр намудани асарҳои «Системаи табиат», «Масеҳияти фошшуда» ва ғайра фаъолона иштирок намудааст. Нежон ба нашри пинҳонии бисёр асарҳои Голбах дар хориҷа роҳбарӣ намуда, рисолаҳои М. Монтен, Ж. Ж. Руссо ва Д. Дидроро низ чоп кардааст. Нежон муаллифи асосии асари беимзои «Ҷанговари файласуф» (1768) эътироф шудааст. Ин асар соли 1925 таҳти унвони «Сарбози бедин» ба забони русӣ чоп шуд. Нежон кори «Энсиклопедия»-и Дидроро идома дода аст. Нежон дар назарияи маърифат сенсуалист аст. Нежон ҳамроди Голбах «Илоҳиёти кисагӣ»-ро навишта, дар он динро зарифона танқид намудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …