Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нежданова Антонина Василь­евна

Нежданова Антонина Василь­евна

Нежданова Антонина Василь­евна (16.6.1873, деҳаи Кривая Бал­ка, ҳозира pайони Сарати вилояти Одесса — 26. 6. 1950, Москва), сарояндаи советни рус (сотсранои лирикӣ- колоратурӣ), Артисти Халқии СССР (1936), доктори илми санъатшиносӣ (1944), Қаҳрамони Меҳнат (1925). Аз 7-солагӣ месуруд. Солҳои 1899-1902 дар Консерваториям Москва (синфи У. Мазетти) таҳсил намудааст. Аввалин бор дар саҳнаи Teaтри Калон (партияи Антонида, «Иван Суса­нин»-и  М. Глинка) ҳунарнамоӣ кардааст.

Партияҳои бомуваффақият иҷрокардаи ӯ: Ҷильда, Людмила («Риголетто»-и Ҷ. Верди, «Руслан ва Людмила»-и М. Глинка, 1902), Ро­зина («Сартароши севилӣ»-и Ҷ. Рос­синӣ, 1903), Татьяна («Евгений Оне­гиной П. И. Чайковский, 1906); Сне­гурочка, маликая Шемахон («Снегу­рочка», 1907, «Афсона дар васфи шод Султон», 1909, асарҳои Н. А. Римский-Корсаков) ва дигар. Дар ҳа­ман операҳо Л. В. Собинов мусоҳими доимии Нежданова буд. Минбаъд таҳти роҳбарии Ф. И. Шаляпин, М. Н. Ер­молова ва К. С. Станиславский ре­пертуари консертиаш бой гардид. Ба он асарҳои С. В. Рахманинов, П. И. Чайковский, Л. Бетховен, Ф. Шуберт, И. Ф. Стравипский,, романсҳо ва сурудҳои халқии русӣ дохил мешуданд. Ба воситаи радио низ баромад мекард. Партияҳои минбаъд иҷрокардаи ӯ—Малика-Қу («Афсо­на дар васфи шоҳ Султон»-и Римс­кий-Корсаков), Парася («Ярмаркаи Сорочин»-и М. П. Мусоргский) ва ғайра. Аз соли 1936 дар студияи Teaтри Калон вa баъдтар дар Студияи операвии К. С. Станиславский дарс гуфтааст.

Соли 1943 профессори консерваториям Моск­ва. Муаллифи як қатор мақолаҳо доир ба эҷодиёти Римский-Корсаков, С. В. Рахманинов, Л. В. Собинов ва дигар Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943). Бо 2 ордени Ленин, ор­дени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …