Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Негруси Костаке

Негруси Костаке

Негруси Костаке (Negruzzi),  (октябр 1808, деҳаи Трифешти, наздики ш. Ясса — 6. 9. 1868, ҳамон ҷо), нависандаи молдаву румин. То Револютсияи 1848 ба тарафдории ди- гаргунсозии демократӣ ва маданияти миллӣ баромад мекард. Барои шеъри «Вандализм» (1838) ва повес­ти «Тодэрикэ» (1844, аз рӯи асари П. Мериме) ду бор дучори таъқиб гардидаст. Дертар дар ҷаҳонбинии ӯ равияҳои консервативӣ бартарӣ ёфтанд. Аввалин офаридааш — «Хурсандиҳои бессарабии май» (1821—23). Муаллифи повестҳои романтикии «Зое» (1837) ва «Пойга» (1840). Повести таърихии «Алек­сандру Лэпушняну» (1840) авва­лин асари бузургҳаҷм дар насри реалистии молдаву румин аст, ки ба муқобили тартиботи феодалӣ равона шудааст. Асарҳои А. С. Пушкин, А.Д. Кантемир, В Гюго ва дигарро тарҷума кардааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …