Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Негатив

Негатив

Негатив (лот. negativus — манфӣ);

1) тасвири фотографиест, ки дар он ранги қитъаҳои сиёҳу сафед ва рангаи объект баръакси ранги аслӣ мебошад. Дар Негатив ҷойҳои сафеди объект сиёҳ ва ҷойҳои сиёхи он сафед метобанд. Дар Негативи ранга ран­ги объект бо ранги иловагиаш (масалан, ранги кабуд бо ранги сурх, ранги сабз бо ранги зард ва ғайра) ифода меёбад;

2) фотопластинкаест, ки тасвираш чаппа мебошад. Барои ҳосил намудани тасвири негативӣ Негативро дар маҳлули махсус зоҳир менамоянд, бо ёрии фиксаж (одатан, бо тиосулфати натрий — NajSjOs) мустаҳкам менамоянд, мешӯянд ва мехушконанд. Баъди дар маҳлули мах­сус кор кардани Негатив тасвири позитивӣ, яъне тасвири ростаи объект ҳо­сил мегардад (нигаред Позитив).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …