Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нефтепровод

Нефтепровод

Нефтепровод, комплекси иншоот барои интиқоли нефт ва маҳсуло­ти коркарди он аз ҷои истеҳсол то мавқеи истеъмол ё мавқеи ҳамл тавассути нақлиёти роҳи оҳан ё нақлиёти обӣ. Нефтепровод аз ғулбаҳои зеризаминию зериобӣ, стансияҳои насосии нефткашӣ (асосӣ ва мобайнӣ), анборҳои нефт, иншооти хаттӣ ва ёрирасон иборат аст. нефтепроводҳои конҳо, заводҳо, ба­заҳои нефт ва магистралӣ мавқуданд. Се навъи аввали Нефтепроводҳо барои бурдани нефту маҳсулоти он ба масофаҳои наздик хизмат мекунанд ва дар вақтҳои муайян истифода меша­ванд. Бо Нефтепроводи магистралӣ нефт ба масофаҳои дур (то якчанд ҳазор км) фиристода мешавад. Диаметри ғулбаҳои Нефтипроводи магистралӣ аз 200 то 1220 мм, фишори дарунии ғулбаҳо одатан 5—6 МН/см2 буда, нефт дар ғулбаҳо бо суръати 1—2 м/сон ҳаракат мекунад.

Параметрҳои асосии Нефтепроводи магист­ралӣ: дарозӣ, ҳосилнокӣ, диаметри ғулбаҳо, фишори дарунии ғулбаҳо ва шумораи стансияҳои насосии нефткашӣ. Калонтарин Нефтепроводи магистралии ҷаҳон — «Дружба»-ро, ки дарозии хати якуми он 5 ҳазор км аст, мамлакатҳои сотсиалистӣ — СССР, Полша, РДГ, Чехословакия ва Венгрия сохтаанд. Он заводҳои нефткоркунии ин мамлакатҳоро бо нефти советӣ таъ­мин менамояд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …