Нефт

Нефт, нафт, моеи равғанмонанди сӯзандаест, ки бӯи махсус дорад ва дар қабати таҳшинии замин паҳн шудааст. Яке аз муҳимтарин сарватҳои табиӣ мебошад. Якҷоя бо карбогидридҳои газшакл, одатан, дар чуқурии зиёда аз 1,2—2 км ҳосил ме­шавад. Дар рӯи замин ба моеи ғализ ё моддаи сахт (асфалт) табдил меёбад.

Маълумоти умумӣ, таркиби химиявӣ ва хосияти физикӣ. Нефт аз омехтаи карбогидридҳо (алканҳо, сиклоалканҳо,

кар­богидридҳои ароматӣ) ва пайвастҳое иборат аст, ки дар таркибашон ба ғайр аз атомҳои карбон ва гидроген, атомҳои оксиген, сулфур ва нитроген низ доранд. Рангаш аз ҷигарии кушод ё қариб беранг то бури тира ё сиёҳ мешавад. Дар Нефтҳои СССР алканҳо нисбатан зиёдтаранд (зиёда аз 50%). Пайвастҳои оксигендори Нефт асосан кислотаҳои нафтенӣ, асфалтену моддаҳои зифтӣ мебошанд. Ба пайвастҳои сулфурдори Нефт сулфиди гидроген, меркаптанҳо, сулфиду дисулфидҳо, тиофену тиофанҳо, инчунин пайвастҳои политсиклин сулфурдор мансубанд. Пайвастҳои нитрогендори Нефт асосан гомологҳои пири­дин, гидропиридин ва гидрохинолин мебошанд. Газҳои дар нефт ҳалшуда (аз 0,2 то 3%), об ва намакҳои минералӣ низ ҷузъҳои таркиби Нефтанд. Дар таркиби хокистари Нефт як қатор алементҳо (Са, Mg, Fe, Al, Si, V, Na ва ғайра) низ ошкор карда шуда­аст. Хосияти физикии Нефт ба таркиби он вобаста аст. Нефте, ки зичиаш 870 кг/м3 аст, Нефти с а б у к, 871—910 кг/м3 — м и ё н а ва аз 910 кг/м3

зиёд — вазнин номида мешавад. Нефт одатан дар 28° С ба ҷӯшидан cap мекунад; гармирӯноиаш 0,4— 0,5 ккал/кг °С; гармии сӯзишаш 10400—11000 ккал/кг. Таркиби элементарии Нефт ҳам хеле гуногун буда, вай 82,5 ÷ 87% С,     11,5÷14,5% Н, 0,05÷0,35 %, баъзан то 0,7 О, 0,001 ÷ 5,3% S, 0,001 ÷    1,8%    N, инчунин

ба миқдори кам ванадий, фосфор, калий, никел, оҳан ва ғайра дорад. Нефтҳоро нисбат ба миқдори сулфур ва зифте, ки дар таркибашон мавҷуд аст, ба Нефтҳои камсулфур (0,5%), сулфурдор (0,5—2%), серсулфур (аз 2% зиёд), камзифт (то 17%), зифтдор (18—35%) ва серзифт (аз 35% зиёд) тақсим мекунанд. Оид ба характеристикаи Нефтҳои Тоҷикистон ниг. ҷадвал.

Пайдоиши Нефт Масъалаи табиати генетикӣ ва шароитҳои пайдояши Нефт то ҳол пурра омӯхта нашудааст. Дар ин бора ду ақида — фарзияи пайдоиши ғайриорганикӣ ва органикии Нефт  вуҷуд дорад. Соли 1866 химики франсавӣ М. Бертло тахмини дар қаъри замин дар натиҷаи ба металлҳои ишқорӣ таъсир кардани оксиди карбон (IV) ва соли 1871 химики дигари франсавӣ Г. Биассон ақидаи ҳангоми таъсири ҳамдигарии об, С02 ва H2S бо оҳани тафсон пайдо шудани Нефтро баён карданд. Соли 1877 Д. И. Менделеев фарзияи пайдоиши минералии (карбидии) Нефтро пешниҳод намуд. Солҳои 50—60 асри 20 боз як қатор олимони советӣ (Н. А. Кудряв­сев, В. Б. Порфирев, Г. Н. Доленко ва дигарон) ва хориҷӣ (англис Ф. Хойл ва дигарон) фарзияҳои пайдоиши кайҳонӣ, вулконӣ ва магматогении Нефтро пешниҳод карданд.

Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 муайян гардидани фаъолияти оптикии Нефт ва алоқаи он бо моддаи органикии сапропелии ҷисҳои таҳшинӣ барои донистани генезиси Нефт роли муҳим бозид. Фарзияи сапропелии пайдоиши Нефтро, ки    солҳои 1904—1905 бори аввал ботаники немис Г. Потопи баён карда буд, минбаъд олимони рус Н. И. Андрусов. В. И. Вернадский, И. М. Губкин, Н. Д. Зелинский ва дигарон инкишоф доданд. Соли 1934 дар Нефт асфалту ангишт ва порфиринҳое, ки ба таркиби молекулаи хлорофилл ва дигар пигментҳои табиӣ дохиланд ва       солҳои 50 дар таҳшинии обанборҳои гуногун (кӯл, баҳр, уқёнус) карбогидридҳои таркиби Нефт кашф карда шуданд. Манбаи асосие, ки аз он Нефт ҳосил мешавад, боқимондаи ҳайвонҳои гуногун (асосан планктон) ва растаниҳо мебошанд, ки якҷоя бо ҷинсҳои таҳшинӣ омехта шуда, моддаҳои органикии сапропелӣ ҳосил мекунанд. Ин моддаҳо ба зонаи нефтҳосилшавӣ (ҳудуди болоии ин зона аз 1300 м то 3000 м) расида, дар зери таъсири ҳарорати (50° С ва аз он ҳам зиёд) ба табаддулоти химиявӣ дучор мегарданд. Молекулаи мураккаби онҳо вайрон шуда, карбогидридҳои газшакл, моеъ ва сахт ҳосил мекунанд. Дар чуқурии боз ҳам зиёдтар ин просесс бештар авҷ мегирад. Аз рӯи ин маълумот мавқеи тарафдорони фарзияи пайдоиши органикии Нефт зоҳиран мустаҳкам аст. Вале солҳои охир фарзиян пайдоиши ғайриорганикии Нефт бо тадқиқоти нав тақвият ёфта, ҳуқуқи мавҷудият пайдо кард. Олимони украин фишору (15 ҳазор атм) ҳарорати баланд (1400°)-ро истифода бурда, аз карбо­ну гидрогене, ки дар таркиби карбиди волфрам мавҷуданд, даҳҳо карбогидридҳои таркиби Нефт (метан, этап, пропан, бутан ва ғайра)-ро ҳосил намуданд. Мутахассисони Институти ге­ология ва геохимияи сарватҳои сӯзандаи АФ РССУ таҷрибаҳои зиёде гузаронида. исбот намуданд, ки на фақат карбиди металлҳо, балки ҳар як моддае, ки дар таркибаш карбон (моддаи биогенӣ, карбонатҳо, карбонатитҳо, дуоксиди карбон) ва гидро­ген (об, асосҳо ва ғайра) дорад, дар шароити муайяни термодинамикӣ карбон ва гидрогени барои ҳосил шудани карбогидридҳои Нефт зарурро дода метавонад. Нефт дар чуқурии аз 500— 3000 м. (қисми зиёди он) то 6000— 7000 м дучор мешавад. Қабатҳои Нефтдори Замин ба ҳамаи доираҳои гео­логӣ мансуб аст. Аммо захираи асосии он ба давраҳои девон, юра, табошир ва ғайра рост меояд.

К о н ҳ о и Нефт Шароити зарурии ҳосилшавии Нефт мавҷудияти ҳавза- ҳои таҳшинӣ мебошад. Конҳои Нефт дар ҷинсҳои антиклинали ва домҳои табиии моноструктуравии тектонӣ ҷойгир мешаванд. Агар дар кон миқдори Нефт аз мпқдори газ зиёд бошад, кони Нефту газ, бараке бошад — г аз у Нефт, агар газу конденсат якҷоя вохӯрад, кони газу конденсат номида мешавад. Якчанд конҳои Нефти наздики ҳам ҷойгиршуда районҳои Нефту газ, районҳо вилоятҳои Нефту газ ва вилоятҳо ҳавзаҳои Нефтуу газро ташкил медиҳанд. Масалан, ҳавзаҳои Нефту газӣ Волгаю Урал, Сибири Ғapбӣ, Фарғона ва ғайра Масоҳати ҳавзаҳо аз якчанд ҳазор то якчанд млн км2 мешаванд. Дар айни замон 350 ҳавзаи Нефт маълум аст. Конҳои Нефт дар ҳамаи қитъаҳо (ба ғайр аз Антарк­тида) ёфт шудаанд. Қариб 85% Нефти ҷаҳониро 5%-конҳои ба истифода додашуда медиҳанд; ҳар яки ин гуна конҳо зиёда аз 0,5 млрд т Нефт доранд; чунин конҳои калонтарин бештар дар Шарқи Наздик (Арабистони Саудӣ, Кувейт) воқеанд. Калонтарин конҳои Нефти ШМА дар Аляска ва Техас дида мешаванд. Дар территорияи СССР конҳои Нефт асри 19 дар нимҷазираи Апшерон, ноҳияи Грозний, кишвари Краснодар, нимҷазираи Челексен, Сахалин, дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳавзаи Нефту гази Волгаю Урал, дертар дар ғарби Туркманистон, дар Казоқистон, кишвари Ставро­пол, дар Украина ва Белоруссия ёфт шуданд; солҳои 50—60 асри 20 яке аз ҳавзаҳои калонтарини ҷаҳон — ҳавзаи Нефтуу гази Сибири Ғарбӣ кашф шуд.

Дар Тоҷикистон конҳои зерини Нефт мавҷуданд: Оқбошадир ва Кичик Бел (дар Вахш), Шамбарӣ ва Қӯрғонча (дар Ҳисор), Конибодом ва Работ (дар водии Фарғона).

Нефт ҳ о с и л к у н ӣ аз эамонҳои қа­дим маълум аст. Усули аз рӯи обан- борҳои кушод ҷамъ кардани Нефтро пеш аз милод дар Мод, Бобулистон, Сурия ва асри 1 дар Ситсилия ба кор мебурданд. Дар Россия ин усулро аввалин бор Ф. С. Прядупов (1745) истифода карда аст. Соли 1858 дар нимҷазираи Челексен ва 1868 дар хонии Қӯқапд Нефтро аз рӯи оби ҷӯйҳои аз кӯл ҷоришаванда ҷамъ карда мегирифтанд.

Аз чоҳҳо кашидани Нефт ҳанӯз аз асри 5 пеш аз милод дар Киссия, асри 8 дар нимҷазираи Апшерон ва асрҳои 10—13 дар Сурхан ва Балкан маълум буд. Усули аз чоҳ кашидани Нефтро дар Боку асри 17 табиатшиноси немис Э. Кемпфер пешниҳод кардааст. Чуқу­рии ин чоҳҳо то 27 м буда, девори онҳо бо санг ё чӯб мустаҳкам карда мешуд.

Солҳои 60 асри 19 ба кашидани Нефт аз чоҳҳои бо парма кофташуда шурӯъ намуданд. Соли 1865 бо усули механи­ки (бо ёрии насос) гирифтани Нефт бо­ри аввал дар ШМА ҷорӣ гардид Ин усул соли 1874 дар Гурҷистон, 1876 дар Боку ва 1895 дар Грозний низ исти­фода шуд. Соли 1886 В. Г. Шухов усу­ли компрессории кашидани Нефтро пешниҳод намуд. Мувофиқи ин усул ба чоҳи Нефт газ ё ҳаво cap медиҳанд. Газ (ҳаво) бо Нефт омехта шуда, зичии онро кам мекунад ва омехтаи Нефту газ ба рӯи чоҳ мебарояд. Яке аз усулҳои бештар такмилёфтаи ҳосил кардани Нефт усули газ-лифт аст. Ин усулро с.оли 1914 М. М. Тихвинский пешниҳод намуд. Мувофиқи ин усул компрессор ба воситаи гулбаҳо ба қабати нефтдори кон газ ё ҳаво мефиристад, ки он эмулсияи газу моеъ ҳосил карда, бо ғулбаи дигар боло мебарояд. Просесси ҳосил кардани Нефт се давраро дарбар мегирад: 1) ракати Нефт аз қабати нефтдор ба чоҳи нефткашӣ; 2) баромадани Нефт аз чоҳ ба берун; 3) ҷамъ кардан, аз га­зу об ҷудо кардан ва аз намакҳои минералӣ тоза кардани Нефт.

К о р к а р д и Нефт Аз рӯи маълумотҳои археологӣ истифодаи Нефт аз ҳазораи 6 то мелод маълум аст. Дар ҳазораи 3 то мелод дар давлатҳои байни Байнаннаҳрайн ва Миср асфалтро якҷоя бо peг ва оҳак омехта чун масолеҳи пайвандкунанда ва обнагузаронанда истифода мекарданд. Нефтро дар чароғҳо месӯхтанд, чун дору ва якҷоя бо селитра чун моддаи даргиранда дар кори ҳарбӣ истифода ме­бурданд. Усули тақтири Нефт аз аввалҳои эраи мо маълум буда, онро ба­рои тайёр кардани дору истифода бурдаанд. Табиби Юнони Қадим Кассий Феликс ва олими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино оид ба тақтири Нефт таҷрибаҳо гузаронидаанд. Географи хоразмӣ Бақрон (асри 13) аввалин шу­да дар бораи тақтири Нефти Боку маъ­лумот додааст. Дар асри 18 ба муносибати кофтуков ва омӯзиши конҳои Нефт ба тақтири Нефт эътибори калон до­да шуд. Лабораторияҳои тақтири Нефт сохта шуданд. Соли 1823 бародарон Дубининҳо дар наздикии шаҳри Моздок заводи нефттақтиркунандаи даврӣ сохтанд. Соли 1873 дар 80 заводи тақтири Нефт дар Боку соле 16350 т карасин мегирифтанд. Талабот ба маҳсулоти Нефт рӯз аз рӯз меафзуд. Бинобар ин заводҳои тақтири Нефт низ такмил меёфтанд. Ба чоп аппаратҳои даврӣ амалкунанда аппаратҳои доимо амалкунанда гузошта мешуданд. Аввалин аппаратҳои доимо амалкунанда соли 1883 аз тарафи А. А. Тавризов ва соли 1886 аз тарафи В. Г. Шухов ва Ф. А. Инчик ихтироъ карда шуд. Дар бай­ни онҳо батареяҳои кубии доимо амалкунанда эътибори калон пайдо карданд.

Дар Россияи тореволютсиопӣ саноати автомобилсозӣ ва авиатсионӣ суст тараққӣ карда буд, бинобар ин ба бензин эҳтиёҷ кам буд. Бо вуҷуди ин олимон ва инженерони рус ба мақсади бо роҳи пиролиз ҳосил кар­дани дигар маҳсулоти Нефт просесси коркарди Нефтро мунтазам меомӯхтанд.

Соли 1891 В. Г. Шухов ва С. Гаври­лов барои крекинг-просесс аппарат ихтироъ карданд Онҳо аввалин шу­да усули ҳангоми дар гулбаҳо ҳаракат кардани Нефт гарм кардани онро таклиф намуданд То соли 1917 дар Россия тақтири Нефт дар батареяҳои кубии доимо амалкунанда усули асосии коркарди Нефт ба шумор мерафт.

Саноати коркарди Нефт дар СССР асосан дар давраи панҷсолаҳои аввал (1929—1940) ривоҷ ёфт. Солҳои 1933—1937 дар Ишимбой ва Уфа заводҳои коркарди Нефт ба кор даромаданд. Дар шаҳрҳои Саратов, Краснодар, Орск, Ха­баровск, Одесса, Херсон як қатор корхонаҳои коркарди Нефт сохта шу­данд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) саноати коркарди Нефти СССР фронт ва ақибгоҳро бо сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ таъмин намуд. Баъди ҷанг саноати коркарди Нефт босуръат тараққӣ кард. Соли 1970 назар ба 1965 1,44 маротиба зиёд Нефт кор карда шуд. Як қатор заводу корхонаҳои нави коркарди Нефт ва дастгоҳҳои пуриқтидор сохта шуданд. Дар мамлакатҳои капиталистӣ саноати коркарди Нефт дар ШМА, Япо­ния, РФГ, Италия, Британияи Кабир тараққӣ кардааст. Дар Тоҷикистон дар Колхозобод (вилояти Қургонтеппа) заводи битумистеҳсолкунанда сохта шудааст, ки вай соле зиёда аз 50 ҳазор т битум мебарорад.

Барои аз об ва намак тоза кардан Нефтро нағз омехта, онро бо камтар оби дурушти деэмулгатор ҳамроҳ кардашуда мешӯянд. Баъд эмулсияи ҳосилшударо то 100—140° С, баъзан то 160° С гарм карда, аз дегидратори электрни доимо амалкунанда мегузаронанд. Эмулсия дар зери таъсири майдони электрии баландшиддат (1,3—3 кв см), деэмулгатор ва ҳарорат таҷзия шуда, обу намакҳои дар он ҳалшуда такшон мешаванд. Ба­рои собитонии Нефт аз он фраксияҳои пропан, бутан ва қисман пентанро ҷудо мекунанд. Фраксияи пропан­бутан барои саноати нефту химия ашёи хоми муҳим ба шумор меравад. Нефт аз обу намак тоза кардашударо дар дастгоҳҳои махсус тақтир карда, аз он бензин, сӯзишвории реактивӣ, карасин, сӯзишвории ди­зели ва мазут мегиранд. Минбаъд аз мазут равғанҳои дистиллятӣ, пара­фин, битум ва ғайра ҳосил мекунанд. Боқимондаи мазут (консентрат, гуд­рон) баъдц тақтири равғанҳои бо­қимонда дар сохтмон ва ғайра истифода мешавад. Афзудани доираи истеъмоли маҳсулоти Нефт ва баланд шудани талабот ба сифати онҳо зарурати коркарди дуюмини Нефтро ба миён овард. Ҳангоми коркарди дуюмини Нефт аз он пайвастҳои оксиген, нитроген ва сулфурдор ҳосил мекунанд. Ба коркарди дуюмини Нефт просессҳои крекинги термикӣ, термоконтактӣ, катализӣ, гидрокрекинг, алкилонӣ, изомеризатсия, полимеризатсия ва ғайра мансубанд. Барои тоза кардани Нефт аз омехтаҳои нолозим (сулфур, пайвастҳои зифтдор, оксигендор ва ғайра) усулҳои физики, физикию химиявӣ ва ғайраро ба кор мебаранд.

Ад.: Сергиенко С. Р. Очерк раз­вития химии и переработки нефти. М., 1955; Карцев А. А., Основы геохи­мии нефти и газа. М., 1089; Технология  техника добычи нефти и газа, М., 1971; Соколов В. А., Бестужев М. А Тихомолова Т. В., Химический со­став нефтей и природных газов в связи с их происхождением. М., 1972.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

images

БОҚИРИ АСТАРОБОДӢ Шамсуддин Муҳаммад

БОҚИРИ АСТАРОБОДӢ Шамсуддин Муҳаммад маъруф ба Домод (фавт тақрибан 1630-31), шоири эронӣ. Аз маълумоти маъхазҳо …