Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нефрология

Нефрология

Нефрология (аз юн. nephros — гурда ва …логия), як фасли илми тиб, ки физиологияи нормали ва па­тологии гурда ва муолиҷаю пешгирии бемориҳои онро меомӯзад. Бемориҳои гурда, аз қабили нефрит, нефроз, нефросклероз, пиелонефрит, амилоидоз, пефропатияи занони ҳомил ва ғайра аз бемориҳои бештар паҳншудаи узвҳои дарунӣ ба ҳисоб мераванд ва ба онҳо тибби имрӯза диққати махсус медиҳад. Масъалаҳои Нефрологияро ба таври мукаммал клинитсистҳо, морфологҳо, физиологҳо ва радиологҳо якҷоя ҳал менамоянд. Нефрология бо урология ва ҷарроҳии трансплантатсионӣ (ниг. Трансплантатсия) алоқаи зич дорад.

Аввалин маълумотҳо оид ба Нефрология ҳанӯз дар асарҳои тибии замони Буқ- рот вомехӯранд. Ибни Сино дар «Ал-Қонун» зиёда аз даҳ хели бемориҳои гурда, усулҳои ташхис ва муолиҷаи онҳоро баён кардааст. Асосгузори Нефрологияи имрӯза духтури англис Р. Брайт мебошад. Ӯ солҳои 1827—1836 бемории гурдаро, ки минбаъд бемории Брайт ном гирифт, ошкор намуд. Олимони англис У. Т. Лонгкоп, А. Эллис, А. Кепши, франсавӣ П. Рейе, Л. Амбар, немис Ф. Фолгард. Т. Фар ва дигарон дар инкишофи Нефрология саҳми калон доранд. Тадқиқоти ҳа- матарафаи олимони рус А. М. Шумлянский, (И. М. Сеченов, С. П. Бот­кин, А. И. Полунин, В. К. Линдеман, С. С. Зимнитский, Г. Ф. Ланг, А. Л. Мясников ва дигарон физиология ва патологияи гурдаро бо маълумотҳои нодири илмӣ ғанитар карданд.

Истифодаи усулҳои иммунологӣ, биохимиявӣ, генетикӣ, биопсияи гурда инчунин усулҳои радиоизотопӣ, ангиографӣ ва ғайра барои омӯзиши бемориҳои гурда дар нимаи дуюми асрм 20 ба пешрафти Нефрология мусоидат намуданд. Усулҳои гемодиализ ва иваз кардани гурда, муолиҷаи бемориҳои он бо парҳез, истифодаи аппарати «гурдаи маснӯъ» ва ғайра ҳазорон одамонро аз марг наҷот дод.

Ҷамъияти илмии нефрологҳои СССР соли 1969 ташкил ёфт. Аз соли 1968 журнали «Урологияи нефрология» (то 1965 «Урология») нашр мешавад. Дар РСС Тоҷикистон аввалин тадқиқоти нефрологи дар миёнаи солҳои 60 оғоз ёфт. Солҳои аввал асосан нефрити кӯдакон дар шароити иқлими Тоҷикистон омӯхта мешуд. Аз соли 1978 ин ҷониб дар назди Беморхонаи клиникии республикавии рақами 3 Маркази нефрологии республикавӣ вуҷуд дорад. Бо ҳалли проблемаҳои Нефрология кормандони шӯъбаҳои нефрологӣ ва кафедраҳои Институти тиббии Тоҷикистон машғуланд. Чунинанд ин проблемаҳо: омӯзиши нефрити музмин, муолиҷаи бемории санги гурда ва пиелонефрити музмин дар курортҳои Тоҷикистон, хусусиятҳои фуксионалии гурда дар шароити баландкӯҳу иқлими гарм ва ғайра.

Ад.: Ярошевс к и й А. Я., Клини­ческая нефрология, Л., 1971; Основы нефрологии, т. 1—2, М., 1972: Физиоло­гия почки, М., 1972.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …