Маълумоти охирин

Нефрит

Нефрит (аз юн. nephros — гурда; дар замони қадим чунин мепиндош- танд, ки Нефрит ба дарди гурда давост), як навъи минералҳои актинолит ва тремолит. Сохти дарунии Нефрит аз нахҳои басо маҳини микроскопии но- мунтазам иборат аст. Рангаш сафед, зард, сурх, сиёҳ, сабз, баъзан рангоранги нақшин ё рах-рах мешавад. Тахтачаҳои тунуки он рӯшноиро ба хубӣ мегузаронанд. Нефрит ҳангоми метаморфизми ҷинсҳои асосӣ (серпептинитҳо, варақсангҳои кристаллии пироксену амфиболдор ва дигар) ба вуҷуд меояд. Нефрит санги хеле сахт ва мустаҳкам буда, нағз сайқал меёбад. Аз ин рӯ халқҳои ҷаҳон (махсусан халқҳои Осиёи Марказӣ, Ев­ропа, Америка) аз қадимулайём аз Нефрит муҷассамаву асбобҳои ороиши занон, зарфҳои гуногун (коса, та­бақ, гулдон) месозанд. Қисми зиёди Нефритро аз байни шағалу сангҳои дарёбод пайдо мекунанд. Конҳои калони Нефрит дар СССР (Саяни Шарқӣ, атрофи кӯли Байкал), Хитой, ҷазираҳои Зеландияи Нав ва Полинезия мавҷуданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …